Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузоришҳо: "Полиси ахлоқ"-и Эрон барҳам хӯрд


 Духтари эроние аз назди деворе бо навиштаҷоти "Масъала фақат ҳиҷоб нест" убур мекунад
Духтари эроние аз назди деворе бо навиштаҷоти "Масъала фақат ҳиҷоб нест" убур мекунад

Зоҳиран, дар паи эътирозҳои давомдору афзоиши норизоиятҳо аз режим, мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба барҳам додани “полиси ахлоқ” иқдом кард.

Дар пасманзари эътирозҳои идомаёбанда дар саросари Эрон, ки аз марги мармузи духтари 22-солае дар идораи полис шурӯъ шуд, додситони кулли Эрон аз қатъи кори полиси ахлоқ хабар дод. Дар ин бора Радио Фардо хабар медиҳад. Хабаргузории давлатии ИРНА рӯзи 4 декабр дар нақли қавл аз додситони кулл Ҷаъфар Мунтазирӣ навишт, ки “полиси ахлоқ ҳеҷ рабте ба низоми додгустарӣ надорад”. Мунтазирӣ бо чунин шакл ба саволи “сабабҳои баста шудани полиси ахлоқ дар чист” посух додааст.

Полиси баҳсбарангези ахлоқ дар Эрон соли 2006 дар замони раёсатҷумҳурии президенти муҳофизакор Маҳмуди Аҳмадинажод таъсис шуд. Ҳадафи ин идора тақвияти қоидаи либоспӯшӣ, ба вижа назорати ҳиҷобу рӯсарии занону духтарон буд.

Дар оғоз гурӯҳҳои мардоне бо либоси низомии сабз ва занон бо чодарҳои сиёҳ дар кӯчаву ҷойҳои ҷамъиятӣ гашта, ба шаҳрвандон огаҳӣ медоданд, вале баъдан даст ба ҳабсу боздошти занон бо иттиҳоми вайрон кардани қоидаҳо заданд.

Бино ба навиштаи матбуот, Мунтазирӣ рӯзи шанбе дар баробари парлумон ва қонунгузорон гуфтааст, ки сари тарзи иҷрои талаботи қонун дар бораи ҳиҷобпӯшии занон кор мебарад. Ӯ гуфтаст, ки “дар як-ду ҳафтаи дигар натиҷааш маълум мшеавад”.

Рӯзи 3 декабр ҳукумати Эрон гуфт, ки дар паи мавҷи эътирозҳо аз марги Маҳсо Аминӣ дар моҳи сентябр то ҳол беш аз 200 кас кушта шудааст.

СММ ва гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи башар мегӯянд, ки дар асл шумори кушташудаҳо беш аз 300 нафар мебошад. Аз соли 1979 – замони инқилоби исломии Эрон ин азимтарин чолиш барои режими Ҷумҳурии Исломӣ ба шумор меравад.

Маҷид Мираҳмадӣ, муовини вазири амнияти Эрон дар як сӯҳбаташ бо телевизиони давлатии маҳаллӣ рӯзи 4 декабр гуфт, ки заминаҳои асосии эътирозҳо “иқтисодӣ нест”. Ӯ гуфт, ки “ин мушкил ҳам ҳаст, вале сабаби асоси нест”. Ӯ гуфт, “ин эътироз алайҳи ноадолатӣ аст”.

Рӯзи 3 декабр президент Иброҳим Раисӣ гуфт, қонуни асосии Эрон бар асоси қоидаҳои шариат таҳия шудааст, вале, ба гуфтааш, “барои иҷрои қонунҳо баъзе шеваҳои нармпазире ҳам вуҷуд дорад”.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG