Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи эътирозҳо ва шиорҳои зидди Ҳизби коммунисту Ҷинпин дар Чин. ВИДЕО


Дар пайи эътирозҳои мардум дар Шинҷону Пекин аз маҳдудиятҳои сахти COVID-19 садҳо нафар рӯзи 27-уми ноябр дар шаҳри Вуҳан ба кӯчаҳо баромаданд. Ҷое, ки се сол пеш вирус бори аввал дар онҷо шиносоӣ шуд. Хабаргузории "Рейтерз" аз қавли шоҳидон аз боздошти баъзе аз эътирозгарон хабар дод.

Эътирозҳо дар Чин пас аз марги 10 нафар дар сӯхтори як бино дар Урумчи -- маркази Шинҷон дар рӯзи панҷшанбе оғоз шуд. Норозиён мегӯянд, қонунҳои сахт ва маҳдудиятҳо бинобар бемории COVID-19 монеи хуруҷи сокинон аз ин бино ва ворид шудани нерӯҳои имдодрасон шуд.

"Рейтерз" менависад, рӯзҳои охир садҳо нафар дар Шанхай низ бо сар додани шиорҳои зидди карантин ҷамъ омаданд ва бо бархӯрди пулис рӯбарӯ шуданд.

Чин дар се соли гузашта, ки аз паҳншавии COVID-19 мегузарад, карантини сахт ҷорӣ кардааст. Тайи моҳҳои гузашта ва бо авҷ гирифтани бемории COVID-19 дар Чин, маҳдудиятҳо низ бештар шуд.

Шаҳри Урумчи 4 миллион аҳолӣ дорад ва шоҳиди яке аз тӯлонитарин карантин дар ин кишвар будааст ва сокинони шаҳр то 100 рӯз аз хуруҷ аз хонаҳои худ манъ шудаанд. Тибқи омори расмӣ, ҳамарӯза дар Чин 40 ҳазор кас ба бемории COVID-19 гирифтор мешаванд.

Тазоҳуроти бесобиқа дар Чин идома кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:59 0:00

Мақомоти маҳаллӣ рӯзи шанбе нишасти хабарӣ баргузор карданд ва гуфтанд, ки чораҳои гирифташуда барои пешгирӣ аз COVID-19, монеъ барои дастрасии имдодгарон ва оташнишонҳо барои наҷоти сокинон набудааст. Аммо корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин гуфтаҳои мақомотро зери суол бурданд.

Хабаргузории "Рейтерз" менависад, рӯзи якшанбе нерӯҳои пулис дар Шанхай ҳузури густурда доштанд, аммо бо вуҷуди ин садҳо эътирозгар ба кӯчаҳо баромаданд. Онҳо дар даст баргаҳои сафед доштанд ва бо вокуниши нерӯҳои пулис рӯбарӯ шуданд.

Як шоҳиди маҳаллӣ дар гуфтугӯ бо хабаргузории "Рейтерз" аз боздошти ҳафт эътирозгар дар Шанхай хабар дода, гуфтааст, мо фақат хоҳони ҳуқуқи аввалияи инсонии худ ҳастем. Як шоҳиди айнии дигар гуфтааст, намедонад, чаро дар ҳоле ки эътирозҳои сулҳомез ва бехушунат баргузор мешавад, нерӯҳои пулис бе ягон далел мардумро боздошт мекунанд.

Шоҳиди айнии дигар низ гуфтааст, кишварашро дӯст медорад, аммо ҳукуматашро не. "Ман мехоҳам, озодона берун биравам, аммо наметавонам. Сиёсати КОВИД-19-и мо як бозӣ аст ва ҳеҷ асоси илмӣ надорад ва бо воқеият созгор нест". Ин гузориш ҳамчунин меафзояд, эътирозгарон дар Шанхай шиорҳое чун "Марг бар Ҳизби коммунисти Чин, марг бар Си Ҷинпин" сар дода буданд.

Наворҳои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷамъ омадани даҳҳо нафар дар яке аз донишгоҳҳои Пекин ва хондани суруди миллӣ дар эътироз ба карантинро нишон медиҳад. Дар шаҳри Вуҳан ҳам эътирозгарон ба кӯчаҳо баромаданд ва монеаҳои оҳанинро шикастанд ва хостори поён додани карантин шуданд. "Рейтерз" мегӯяд, ба сурати мустақил наметавонад ин наворҳоро таъйид кунад.

Ин гузориш меафзояд, эътирозҳои умумии густурда дар Чин бисёр нодир аст. Дар даврони Си Ҷинпин фазои мухолифат "комилан" аз байн рафта ва шаҳрвандон маҷбур ҳастанд, дар расонаҳои иҷтимоӣ бо сензура ва имову ишора изҳори назар кунанд.

Ҳудуди як моҳ пеш Си Ҷинпин бори севум раҳбари Ҳизби коммунисти Чин интихоб шуд ва ноумедӣ аз тағйири вазъияти кишвар афзоиш ёфтааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG