Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвои ду идораи давлатӣ. Миллионҳо доллар дар "Тоҷиктрансгаз" куҷо шуд?


Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон ширкати "Тоҷиктрансгаз"-ро вазифадор кардааст, ки ба Вазорати молия беш аз 15 миллион доллар бипардозад. Маълум нест кай ва чӣ гуна. Мақомот онро қарзи давлатӣ ва баҳраву ҷаримааш ҳисоб кардаанд. Вазорат розӣ нест. Масъулонаш аз "Тоҷиктрансгаз" баргардондани зиёда аз 25 миллион долларро талаб доранд.

Даъвои ду идораи давлатӣ бар сари пулҳоест, ки дар солҳои 2005-2011 Вазорати молия ба “Тоҷиктрансгаз” додааст. Тибқи иттилои расмӣ, қарзи асосӣ беш аз 5 миллион доллар аст, аммо аз ҳисоби баҳра ва ҷарима барои таъхири пардохт афзудааст.

Тарафҳо чӣ мегӯянд?

Дар “Тоҷиктрансгаз” ба намаи Радиои Озодӣ посух надоданд. Хабарнигорони мо чаҳор дафъа ба ин ниҳод рафтанд. Касе ҳозир нашуд, ки гап занад. Носҳиддин Қодиров, ҳуқуқдони “Тоҷикитарнсгаз”, аз суҳбат худдорӣ варзид.

Вазорати молияи Тоҷикистон
Вазорати молияи Тоҷикистон

Масъулони Вазорати молия дар посух ба номаи Радиои Озодӣ гуфтанд, бо ҳадафи рушди бахши энержӣ ба “Тоҷиктрансгаз” қарз доданд, вале ширкат онро барнагардонд. “Аз ҷониби “Тоҷиктарнсгаз” талаботи созишнома ба таври зарурӣ иҷро нагардид ва боиси афзоиши сарбории буҷети давлатӣ гардид,” – омадааст дар нома.

Ҳамзамон Вазорати молия аз хулосаи Додгоҳи иқтисодӣ розӣ нест, чун ба иддаои масъулонаш, ҳама паҳлӯҳои масъала баррасӣ нашуд. Додгоҳи иқтисодӣ, баръакс, дар қарори худ гуфта, ки “ҳарчанд созишнома солҳои 2005-2011 баста шуда, муҳлати пардохт вайрон гардид, Вазорати молия чора наандешидааст.”

Бо таваҷҷуҳ ба ин меъёр, ба хулосаи додрас, андозаи қарзи “Тоҷиктрансгаз” кам ва даъвои ҷониби дигар қисман қонеъ шуд.

Омилҳои фасод?

Маблағе, ки дар гузашта Вазорати молия ба "Тоҷиктарнсгаз" додааст, аз ҳисоби гранти Ассотсиатсияи Байнулмилалии Рушд ва ҳукумати Швейтсария будааст. Ҳеч яке аз тарафҳои баҳс ҷузъиёти созишномаро шарҳ намедиҳад.

Ба назари Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдон ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, баҳси ду идора баёнгари он аст, ки назорату истифодаи пули буҷет “дуруст ба роҳ монда нашудааст”. Ӯ эҳтимоли омилҳои коррупсиониро низ сарфи назар накард.

“Вақте Вазорати молия бо гузашти чанд сол ҷиҳати бозгардондани қарзи додааш кӯшиш накард, аз бесалоҳиятӣ ва эҳтимоли ҷой доштани муносибатҳои коррупсионӣ гувоҳӣ медиҳад. Дигар инки ҳукумати Тоҷикистон бояд дахолат кунад. Вазорати молия функсияҳои қарздиҳиро набояд дошта бошад. Ин ваколат ва салоҳияти бонкҳо аст,” – афзуд Ҳакимов.

Вазорати молияи Тоҷикистон дар гузашта низ бо ширкату корхонаҳое дар мавриди бозпас гирифтани қарзи додааш ва баҳраҳои он даъво дошт.

“Як бому ду ҳаво набошад”

Баҳсҳои додгоҳии ин ниҳод бо корхонаи азими алюминий ва "Талко менеҷмент" ва "Хоҷагии ёрирасони Канаск", ки ба парвариши картошка ва ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш машғул аст, аз намунаҳоест, ки расонаӣ шуда.

Яке аз қазияҳои пурсарусадо дар соли 2017 қарздории ширкати "Умед 88" буд, ки ба боздошту зиндонӣ шудани мудираш анҷомид.

Шокирҷон Ҳакимов
Шокирҷон Ҳакимов

Ҳуқуқдон Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, бархурди мақомот, аз ҷумла Вазорати молия, дар мавриди пешниҳоди қарзҳои дарозмуддату талаби бозгардондани онҳо бояд бо ҳама ширкату корхонаҳо яксон бошад.

“Бояд аз усули як бому ду ҳаво кор нагирем. Барои бозпас надодани қарзҳо бояд нафаре масъул бошад. Агар ин мушкил ҷиддӣ гирифта нашавад, духӯрагӣ аз байн наравад, мушкилот ба муҳити сармоягузории Тоҷикистон, ба афкори байнулмилалӣ таъсир хоҳад расонд,” -- хулоса кард ӯ.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG