Дар ин бора хабаргузории расмии «Ховар» хабар додааст. Исмоили Маҳмадзоир ба ин мақом ба ҷои Нурулло Лоиқов интихоб шуд, ки ба навиштаи хабари расмӣ, бо хоҳиши худ аз мансабаш истеъфо додааст. Ҷаласа бо ширкати «раҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпӣ, аъзои кумитаи иҷроияи федератсия, мураббиёну доварон ва варзишгарон” баргузор шудааст. Дар хабар омадааст, ки вазифаи Исмоили Маҳмадзоир дар ин вазифа “дарёфти шумораи бештари роҳхатҳои олимпӣ ва махсусан медали деринтизори олимпӣ мебошад”.
Дар бораи Исмоили Маҳмадзоир иттилои зиёд дар даст нест, вале дар матбуот ва шабакаҳо гоҳо хабарҳо аз эҳсонкориҳои ӯ ва кӯмакҳояш ба бархе соҳаҳои варзиш нашр мешавад. Дар хабари “Ховар” ҳам гуфта мешавад, ки ӯ то ин вақт ба дастаи футболи “Равшан”-и Кӯлоб ва клуби ҷудои «Ҳоҷӣ Шариф» ёриҳо кардааст. Ба иттилои дарёфтӣ, бо бузкашӣ шуғл меварзад, сарулибос ва мошинҳои гаронбаҳоро дӯст медорад, бо бархе аз мақомоти расмии кишварҳои араб дидору гуфтушунидҳо доштааст, ҳарчанд маълум нест, аз номи кӣ.
Исмоили Маҳмадзоир писари Фирӯза Раҳмонова, духтари калонии президент ва домодаш Маҳмадзоир Соҳибов мебошад. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки инак сӣ сол аст дар Тоҷикистон қудратро дар дасти худ тамаркуз кардааст, барои ба вазифаву мақомҳои муҳим таъин кардани наздиктарин аъзои хонавода ва зери назари хонавода нигаҳ доштани соҳаҳои сердаромади иқтисоду тиҷорат танқид мешавад.
Ҳафтаи ҷорӣ тағйироте дар раҳбарияти Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳам сурат гирифт ва Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа ва қудои раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз вазифаи президенти ин сохтор истеъфо дод. Ба ҷойи ӯ Комил Мирзоалӣ, раиси ширкати “Роҳи оҳан”, президенти ин риштаи варзиш тасдиқ шуд.
Маъмулан, мансабдорони тоҷик, дар баробари вазифаҳои давлатӣ, инчунин вазифаҳои ҷамъиятиро низ бар душ доранд. Аз ҷумла, Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари Эмомалӣ Раҳмон Федератсияи футболи Тоҷикистонро раҳбарӣ мекунад. Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Суди олӣ, президенти Федератсияи човандозон ва пойгаҳи аспдавонӣ аст.
Гуфтугӯ