Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон тарҳи қонунро дар бораи марз бо Қирғизистон қабул кард


Кампиробод
Кампиробод

Порлумони Узбекистон рӯзи 14-уми ноябр тарҳи қонунро дар бораи муайянсозии қисматҳои алоҳидаи марзи ин кишвар бо Қирғизистон ва идораи муштараи обанбори Кампиробод қабул кард.

Аз ин санад бештар аз 100 вакил ҷонибдорӣ кардааст. Абдулло Орипов, сарвазири Узбекистон ҳангоми муаррифии лоиҳа қонун дар порлумон гуфт, гуфтугӯҳои марзӣ осон набуданд.

"Гуфтугӯҳо тӯлонӣ буданд, марз дақиқкорона андозагирӣ шуд, чанд маротиба мулоқоти байниҳукуматӣ доир гардид, ҳуҷҷатҳои бойгонӣ омӯхта шуд, танҳо баъди ҳамаи ин тарҳи қонун таҳия гардид. Бо ташаббуси президенти Узбекистон барои тақвияти муносибатҳои дӯстона бо Қирғизистон, раванди муайянсозии 35 қитъаи марзӣ, ки 302 км-ро дар бар мегирад, ба марҳилаи ниҳоӣ расид. Мо барои ин созишнома бештар аз 5 сол сарф кардем. Созишномае, ки бо қонун тасдиқ мешавад, осон ба даст наомадааст. Бо имзои ин қонун чанде аз мушкилоте ҳал мешавад, ки барои кишвари мо аҳамияти стратегӣ доранд", -- гуфт Орипов.

Рӯзи 3-юми ноябр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон вазирони корҳои хориҷии ду кишвар дар мавриди қитъаҳои алоҳидаи марз шартнома ва дар мавриди идораи муштараки обанбори Кампиробод созишнома имзо карданд.

12-уми март ин шартномаву созишнома барои дасдиқ ба порлумони Қирғизистон ирсол шудааст. Интизор меравад, ки порлумони Қирғизистон рӯзи 15 ноябр санадҳои мазкурро ба баррасӣ мегирад.

Мухолифони Қирғизистон аз имзои санад дар мавриди идораи муштараки обанбори Кампиробод бо Узбекистон розӣ нестанд. Онҳо даъват карданд, ки дар мавриди тақсими ҳудуди обанбори Кампиробод моратория эълом шавад. Моҳи октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон боздошти гуруҳии фаъолон ва сиёсатмадорон сурат гирифт. Мақомот онҳоро дар "Омодагӣ ба ташкили бетартибиҳои оммавӣ" айбдор карданд. Дар маҷмуъ 26 фаъоли ҷамъиятӣ ва сиёсатмадор боздошт шуд.

Боздоштшудаҳо мегӯянд, таъқиби ҷиноии онҳо ба хотири мавқеашон дар мавриди обанбори Кампиробод аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG