Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ятимов ва Тошиев дар Душанбе гуфтугӯ карданд. Тафсилот маълум нест


Акс аз бойгонӣ. Мулоқот дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд, 18 марти соли 2021
Акс аз бойгонӣ. Мулоқот дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд, 18 марти соли 2021

Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон барои ширкат дар музокироти марзӣ, ба Душанбе омадааст.

Хабаргузории давлатии "Ховар" хабар дод, ки ҷаласаи навбатии муштараки ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба муайянкунӣ ва аломатгузории марзии давлатии ду кишвар, рӯзи 14-уми ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Ба иттилои манбаъ, музокирот таҳти роҳбарии раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва рааиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев ҷараён гирифтааст.

Аз ҷараёни музокирот тафсилоти бештар дода нашуда, танҳо зикр гардидааст, ки ҷонибҳо аз натиҷаи нишаст як санад имзо кардаанд. Мақомоти амнияти ду кишвар тавофуқ кардаанд, ки ҷаласаи навбатии комиссия дар Қирғизистон доир карда мешавад.

Гуфтушуниди қаблии Ятимов ва Тошиев охирҳои моҳи сентябр баргузор шуда буд, ки дар натиҷаи он ҷонибҳо барои берун кашидани неруҳо аз минтақаҳои наздимарзӣ ва пурра бартараф кардану минбаъд нагузоштани 8 дидбонгоҳи марзбонӣ аз ҳарду тараф, тавофуқ карда буданд.

Тоҷикистону Қирғизистон солҳо боз барои таъин ва нишонагузории марз ҷанҷол доранд. Аз тақрибан ҳазор километр сарҳади ду кишвар бахше аз он номуайян аст.

Дар даргирии рӯзҳои 14-17-уми сентябри имсол аз ду тараф даҳҳо кас кушта ва садҳо нафар захмӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG