Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот мегӯянд, даъвати ҷавонон ба артиш “81 дарсад” иҷро шуд


Гусели ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ. Акс аз бойгонӣ
Гусели ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ. Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Тоҷикистон хабар доданд, ки нақшаи даъват ба хидмат дар артиш беш аз 81 дарсад иҷро шудааст. Даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ рӯзи якуми октябри имсол оғоз ёфт ва то 30-юми ноябр идома мекунад.

Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи Вазорати дифоъ, рӯзи 12-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, нақшаи даъват ба хидмат то имрӯз 81,4 дар сад иҷро шудааст.

Бино ба гуфтаи сухангӯи Вазорати дифоъ, дар рӯзи аввали даъват, нахустин шуда, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон нақшаро пурра иҷро кардааст. Ҷалби ҷавонон ба артиш дар ин минтақа поён ёфт.

Ба иттиллои Вазорати дифоъ, сафарбарии ҷавонон ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ дар вилояти Суғд беш аз 70 фоиз, Хатлон – 79 дарсад, навоҳии тобеи марказ – 93 ва шаҳри Душанбе 95 фоиз иҷро гардидааст. Даъват ба хизмат дар ин минтақаҳо идома дорад.

Чанд рӯз пеш, додситонии кулли Тоҷикистон аз афзоиши сафи фарзандони мансабдорон дар артиш хабар дод ва гуфт то охири моҳи октябр 124 писари кормандони идораҳои давлатии Тоҷикистон ба хидмат ҷалб шудаанд.

Ҳоло маълум нест, ки онҳо ба хидмати якмоҳаи пулакӣ рафтаанд ва ё ба хидмати муқаррарӣ. Сокинон ва матбуоти маҳаллӣ пайваста, аз ҷалб нашудани фарзандони мақомдорон ба артиш ва нобаробарии иҷтимоӣ танқид мекунанд.

Дар Тоҷикистон дар ду мавсим, баҳор ва тирамоҳ, ҷавонони аз 18 то 27-соларо ба артиш даъват мекунанд. Мақомот мегӯянд, шумори ҷавононе, ки ихтиёрӣ ба артиш мераванд, сол то сол зиёд мешавад. Аммо ҳамасола дар мавсими даъват шикоятҳои зиёде аз “облава”ё даъвати маҷбурии ҷавонон ба хизмат нашр мешавад.

XS
SM
MD
LG