Тақрибан 350 паноҳандаи афғон рӯзи 10-уми ноябр аз Тоҷикистон ба Канада расидаанд. Расонаҳои Канада бо такя ба мақомоти Вазорати муҳоҷирати ин кишвар гузориш додаанд, ки ин афғонҳо дар 39 минтақаи ин кишвар ҷобаҷо мешаванд.
Бар асоси оморе, ки аз суи ҳукумати Канада нашр шуд, ин кишвар аз августи соли 2021 то ба ҳол 23 ҳазор афғонистониро паноҳ дода ва дар назар дорад, ки то поёни соли 2023 дар умум 40 ҳазор афғонро ба Канада мунтақил кунад.
Бар асоси ин барнома, ҳар ҳафта садҳо нафар аз афғонҳо дар парвозҳои ҷудогона асосан аз Тоҷикистон ва Покистон ба Канада интиқол дода мешавад.
Дар Тоҷикистон тақрибан 10 ҳазор шаҳрванди Афғонистон зиндагӣ мекунанд. Аксари онҳо мегӯянд, аз тарси Толибон ба Тоҷикистон фирор кардаанд.
Гуфтугӯ