Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи миёндаврӣ дар Амрико. Байден ва Трамп чӣ гуфтанд? ВИДЕО


Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико
Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико

Як рӯз пеш аз баргузории интихоботи миёндавраии Конгресс , Ҷо Байден ва Доналд Трамп раҳбарии маъракаҳои таблиғотии Ҳизби демократ ва Ҳизби ҷумҳурихоҳро дар Амрико ба даст гирифтанд.

Натиҷаи интихоботи Сенат ва Маҷлиси намояндагон ба фазои сиёсии ин кишвар дар ду соли боқимондаи раҳбарии Байден ва эҳтимоли бозгашти президенти собиқ ба Кохи Сафед таъсир хоҳад гузошт.

Демократҳо барои ба даст овардани назорати Конгресс вориди як муборизаи сахте шудаанд, ки онро худи Байден "як лаҳзаи таъинкунанда" барои демократияи Амрико номид.

Дар интихоботи имсола таваррум (инфлятсия), мавзӯи барои мардуми оддӣ бисёр ҳассосу ошно, дар маркази таваҷҷӯҳ аст.

Пешгӯиҳо ин аст, ки ҷумҳурихоҳон метавонанд, аксар курсиҳои Маҷлиси намояндагон ва Сенатро ба даст биоваранд. Рӯзи 8-уми ноябр ҳайати 435-нафарии Маҷлиси намояндагон ва сӣ дарсади Сенати иборат аз 100 курсӣ нав хоҳад шуд.

Пурсишҳои гуногуни афкори умум баёнгари нороҳатии бисёр амрикоиҳо аз вазъи иқтисод буда, ҳамчунин, ба бовари сокинони зиёд, “кишвар ба самти нодуруст пеш меравад”. Кори Букер, сенатор аз Ню-Ҷерси, рӯзи якшанбе ба ABC гуфт, “ҳизбе, ки дар Кохи Сафед ҳузур дорад, одатан дар интихоботҳои миёндаврӣ мағлуб мешавад, вале барои на танҳо ҳифзи Сенат, балки ба даст овардани ҷойи бештар имконияти қавие дорем”.

Демократҳо дар интихоботи ҳозира бо ёрии раҳбарони собиқадору бонуфузи худ, ба мисли Барак Обамаву Бил Клинтон, ба майдони таблиғот даромаданд.

Ҷумҳурихоҳон чеҳраҳои маҳдудро ба майдон бароварданд ва танҳо чанд ҳафтаи охир симои Доналд Трамп барҷастатар намудор шуд. Ӯ дар навбати худ ишораҳое кард, ки имкон дорад, дар интихоботи президентии соли 2024 рақобат бикунад.

Доналд Трамп
Доналд Трамп

Ҳанӯз аз тобистони имсол аломатҳои кам шудани маҳбубияти демократҳо ва эҳтимоли ба дасти ҷумҳурихоҳон гузаштани назорати Маҷлиси намояндагон ба гӯш мерасид. Волии ҷумҳурихоҳи Вирҷиния Гленн Ёнгкин гуфт, натиҷаи интихобот “барои президент Байден як занги бедорӣ хоҳад шуд”.

Натиҷаҳои овоздиҳӣ дар Пенсилвания, Невада, Висконсин, Ҷорҷия, Ню-Ҳемпшайр ва Оҳайо, ки маҳбубияти ҳарду тарафи рақибро тақрибан баробар нишон медиҳад, дар натиҷаҳои овоздиҳӣ метавонад, ҳалкунанда шавад.

Дар маъракаи имсолаи интихоботӣ барои демократҳо мавзӯи ҳаққи овоздиҳӣ, дифоъ аз ҳуқуқи занон барои сиқти ҷанин ва зиндагии шоиста аз мавзуъҳои калидии таблиғотӣ будааст.

Ҷумҳурихоҳон пойфишорӣ мекунанд, ки овози додашуда ба фоидаи демократҳо ба маънои он аст, ки таваррум ва ҷиноятҳои сангин хотима намеёбанду бо ин талош доранд, интихоботи миёндавраиро ба референдуми президентӣ табдил диҳанд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Интихоботи миёндаврии ИМА. Чӣ дигар мешавад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:07 0:00

Байден, ки мизони маҳбубияти ҳозирааш дар ҳудуди 42 дарсад аст, дар рӯзҳои истироҳати гузашта ҳамроҳи раҳбари пешинаш Барак Обама дар Пенсилвания маъракае барпо кард. Аз ин пеш дар Иллинойсу Флоридаву Ню-Йорк буд. Ӯ хитоб ба тарафдорони ашаддии Трамп, ки ба гуфтааш “президенти мағлубшуда” аст, гуфт: “Ҳаққи интихоби Шумо дар варақаи интихоботӣ аст. Ҳаққи овоздиҳии Шумо дар варақаи интихоботӣ аст”.

Трамп, ки ҳамчунин рӯзҳои истироҳати гузашта маъракаи таблиғотӣ барпо кард, иддаои дурӯғини соли 2020-ашро дар бораи “дуздида шудани интихобот” такрор кард. Ӯ демократҳои, ба гуфтааш, “ифротиву девона”-ро ба он муттаҳам кард, ки “Амрикоро ба ҳолати рукуд ва суқут оварданд”.

Дар навбати худ президенти Амрико баъзе дастовардҳое дорад, ки қобили ситоиш ҳастанд, аз ҷумла, маҳдудият ба нархи доруе, ки бар асоси дорухати духтур пешкаш мешавад. Ё афзоиши истеҳсоли микрочип ва сармоягузории рекордӣ ба зербиноҳо. Демократҳо аз ин дастовардҳо зиёд истифода карданд.

Эми Клобушар, ки соли 2016 ҷӯёи мақоми президентӣ аз тарафи демократҳо буд, гуфт, барои ҳизбаш ҳанӯз охири кор нест.

Дар пурсиши ахири NBC News, 48 дарсади интихобкунандаҳо гуфтанд, ки тарафдори раҳбарии демократҳо дар Конгресс ҳастанд, дар ҳоле ки 47 дарсад гуфтанд, ҷумҳурихоҳонро дидан мехоҳанд.

Washington Post ва ABC News дар пурсиши муштараке маълум кардаанд, ки 80 дарсади интихобкунандаҳои моил ба ҷумҳурихоҳҳо гуфтаанд, дар интихобот овоз хоҳанд дод ва ё аллакай овоз додаанд. Ин нишондод шаш дарсад бештар назар ба демократҳо будааст.

То нисфирӯзии якшанбе, 6-уми ноябр, дар Амрико тахминан 40 миллион амрикоӣ пешакӣ овоз додаанд ва ин шумор каме бештар назар ба интихооти охири соли 2018 мебошад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG