Наздикони як ҷавони тоҷик, ки дар Маҷористон (Венгрия) бо гумони ширкат дар ҷангҳои Сурия боздошт шудааст, мегӯянд, "ӯро тӯҳмат кардаанд."
Иброҳим Дониёрзодаи 26-сола рӯзи 1-уми ноябр ҳангоми сафар аз Украина ба Маҷористон боздошт шуд. Додгоҳи шаҳри Будапешти Маҷористон ӯро то моҳи декабр ба ҳабс гирифт. Боздошташ бо дархости ҳукумати Тоҷикистон, ки ӯро барои ширкат дар ҷангҳои Сурия ҷустуҷӯ мекунад, сурат гирифтааст.
Марям Дониёрзода, хоҳари Иброҳим, рӯзи 5-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бародараш ҳеч гоҳ дар Сурия набуд ва иттиҳоми эълонкардаи Тоҷикистон асос надорад.
Иброҳим Дониёрзода дар феҳрасти афродест, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо гумони даст доштанашон дар амалҳои террористӣ муомилаи пулӣ бо онҳоро манъ кардааст.
Марям Дониёрзода мегӯяд, бародараш ҳафт сол қонунӣ дар Туркия зиндагӣ дошт ва аз ин кишвар берун нарафтааст. “Соли 2016 аз ВКД-и Тоҷикистон ба Туркия омаданд ва ба падарам гуфтанд, ки биёед, бо мо ҳамкорӣ кунед. Падарам рад кард ва онҳо рафта моро дар ҷустуҷӯ доданд. Бародарам бемории диққи нафас дорад ва доим аз тариқи дастгоҳе нафас мекашад. Ӯ доим худашро табобат мекунад ва ба ҳеч ҷо ҳам намерафт,”—гуфт ӯ.
Мақомоти тоҷик ба ҷуз Дониёрзода, инчунин хоҳару бародар ва модару падарашро низ ҷустуҷӯ доранд.
Марям Дониёрзода, ки мисли бародараш дар ҷустуҷӯ қарор дорад, мегӯяд, хонаводаашон ба ҳеч гурӯҳе робита надоштанд ва дар Туркия кор мекарданд. Ӯ гуфт, бародараш чанд моҳ пеш ба Украина омад ва онҷо соҳиби кӯдак шуд. Ба иддаои Марям, ӯ рӯзи 1-уми ноябр аз тариқи Маҷористон мехост ба Туркия баргардад, вале боздошт шуд.
Додгоҳи Будапешт бо такя ба дархости Тоҷикистон гуфтааст, ки ӯ моҳи апрели соли 2016 аз Тоҷикистон ба Туркия ва сипас Сурия рафта, ба сафи созмони террористии ДОИШ пайвастааст.
Сомонаи "Hungary Today" рӯзи 4-уми ноябр навишт, ин шаҳрванди Тоҷикистон дар Сурия алайҳи нерӯҳои давлатӣ ҷангида, дар кишвар бо хатари 12 сол зиндон рӯбарӯст.
Додгоҳи Будапешт рӯзи 3-юми ноябр эҳтимоли истирдоди ӯро низ баррасӣ карда, вале худаш хостааст, ба Тоҷикистон нафиристанд.
То моҳи декабр Тоҷикистон бояд далелҳои ширкати ӯ дар ҷангҳои Сурияро ба ихтиёри Будапешт диҳад. Агар ширкати ӯ дар ҷангҳои Сурия собит шавад, эҳтимол боздошташ тамдид шавад, дар сурати ғайр ӯро раҳо мекунанд.
Гуфтугӯ