Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозори пешинаи Кабириро дар шаҳри Турсунзода пурра бастаанд


Фаъолияти бозори молу колои шаҳри Турсунзода, ки дар гузашта аз Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ буд, баста шудааст.

Чанд соҳибкор ба далели ҳассос будани мавзуъ ва ба шарти фош нашудани ном рӯзи 3-юми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, “мақомот бозорро бе огоҳӣ бастанд.”

Ба нақли онҳо, баъзе аз тоҷирон бо молашон дар берун мондаву сарсону саргардон шудаанд. “Гуфтанд, ки бояд ба бозори навбунёд бикӯчем”, -- нақл карданд ҳамсуҳбатони мо.

Додгоҳи шаҳри Турсунзода соли 2014 эълон кард, ки ин бозор ғайриқонунӣ сохта шудааст ва онро ба моли давлат табдил дод. Раҳбарии ин бозорро, ки чанд соли охир "Варзмол" ном дошт, Муҳаммад Бодаков, мураббии бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҳукумати Турсунзода ба зимма дошт.

Талоши мо барои суҳбат бо ӯ бенатиҷа анҷом ёфт.

Ин бозор қаблан “Саховат” ном дошт ва аз ҷумлаи моликияти Муҳиддин Кабирӣ буд, ки соле пеш аз террористӣ эълон шудани Ҳизби наҳзати исломӣ мусодира шуд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон соли 2015 ҲНИТ-ро ба ташкили ба гуфтаи мақомот “ошӯб”-и Абдуҳалим Назарзода, муовини вазири дифоъ, гунаҳкор ва террористӣ эълон кард.

Дар пайи он даҳҳо узви ҳизб боздошт ва ба солҳои дароз зиндонӣ шуданд. Раҳбарони ҳизб дар хориҷа иттиҳомро бофта ва баҳонае барои саркӯби дигарандешону мухолифон донистанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG