Юрий Батуренко, собиқ нимҳимоятгари дастаи «Помир»-и Душанбе ва мунтахаби Тоҷикистон, ки дар бошгоҳҳои мухталифи Русия ба ҳайси бозигар ва мураббӣ кор кардааст, доир намудани бозии дӯстона миёни тимҳои миллии Тоҷикистону Русияро мувофиқи мақсад медонад.
«Футболбозони мунтахаби Тоҷикистон дар сатҳи Лигаи якуми Русия бозӣ мекунанд. Сатҳашон миёна аст, аммо бозигарони хуб низ доранд. Чемпионати Тоҷикистон чандон қавӣ нест, аммо ба ҳар ҳол бо Тоҷикистон бозӣ кардан лозим аст. Барои дастаи мунтахаби Русия ҳар як бозӣ муҳим мебошад”, - суханони Юрий Батуренкои 57-соларо «РБ Спорт» иқтибос меорад.
Бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Русия рӯзи панҷшанбе, 17-уми ноябр, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе соати 20:00 (соати 18:00 ба вақти Маскав) оғоз меёбад.
Зимнан, мунтахаби Русия бо тасмими FIFA (Федератсияи байнулмилалии футбол) аз ҳаққи ширкат дар Лигаи миллии UEFA (Созмони футболи Аврупо) ва бозии интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 бо мунтахаби Полша (Лаҳистон) маҳрум шуда буд, инчунин дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Аврупо — 2024 иштирок намекунад.
Мунтахаби Русия бо роҳбарии сармураббӣ Валерий Карпин моҳи сентябри имсол бо тими миллии Қирғизистон бозии дӯстона анҷом дод. Ин бозӣ, ки дар Бишкек доир гардид, бо пирӯзии футболбозони русиягӣ бо ҳисоби 2:1 ба поён расид.
Бояд гуфт, ки тимҳои миллии Тоҷикистон ва Русия аввалин бор дар таърихи худ бо ҳам рӯбарӯ мешаванд. Барои мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии Петр Сегрт, мутахассиси хорватӣ, бозии дӯстона бо тими миллии Русия як давраи омодагии даста ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 мебошад.
Дарвоқеъ, дастаи мунтахаби Тоҷикистон моҳи июни соли равон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «F» дар Бишкеки Қирғизистон ғолиб гардид ва бори аввал дар таърихи худ ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии қора роҳ ёфт.
Дар ҳамин ҳол дар радабандӣ ё рейтинги FIFA (Федератсияи байнулмилалии футбол) мунтахаби Русия дар байни 211 кишвар дар ҷойи 33-юм ва мунтахаби Тоҷикистон дар ҷойи 108-ум қарор доранд.
Гуфтугӯ