Пас аз он ки Русия тасмим гирифт дигарбора аз содироти ғалладонаи Украина ба бозорҳои ҷаҳон пешгирӣ кунад, нигарониҳо аз гуруснагӣ дар сатҳи ҷаҳон боло гирифтааст.
Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико тасмими Русия барои пешгирӣ аз содироти ғалладона аз Украина ба бозорҳои ҷаҳонро "фоҷеабор" хонд ва гуфт, ки ин амр хатари афзоиши гуруснагӣ дар ҷаҳонро дар пай дорад.
Бо вуҷуди боз шудани роҳи содироти ғалладонаи Украина бо миёнаравии Созмони Милали Муттаҳид ва Туркия, Русия акнун тавофуқномаро зери по гузошт. Иттиҳоди Аврупо рӯзи якшанбеи 30-юми октябр аз Маскав хост, ки аз дар ин тасмими худ бознигарӣ кунад.
Вазорати дифои Русия рӯзи шанбе гуфта буд, ки ин тасмимро ба сабаби ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишини Украина алайҳи 9 киштӣ дар минтақаи Севастопол дар нимҷазираи Қрим дар Баҳри Сиёҳ гирифтааст. Ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишини украинӣ дар пайи чанд ҳафта ҳамлаҳои густурдаи мушакии Русия ба зерсохторҳои Украина, сурат гирифт.
Ҷозеп Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо рӯзи якшанбе дар "Твиттер"-и худ навишт, ки тасмими Русия роҳи аслии содироти аслии ғалладона ва доруҳои кимиёвиро ба хатар меандозад. Ба навиштаи оқои Боррел, ин содирот барои муқобила бо бӯҳрони ҷаҳонии ғизоӣ, ки сабаби он ҳамлаи Русия ба Украина мебошад, зарурӣ аст.
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина низ аз Созмони Милали Муттаҳид ва иқтисодҳои бузург хостааст, ки ба ин тасмими Русия вокуниши дастҷамъона нишон диҳанд.
Вазири корҳои хориҷии Украина Дмитро Кулеба низ дар вокуниш ба тасмими Русия гуфт, ки Маскав бо "иддаоҳои беасос" роҳеро мебандад, ки амнияти ғизоии миллионҳо инсонро таъмин мекард.
Ҳамчунин Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико шоми шанбе тасмими Русияро "зулми маҳз" номид ва гуфт, ки ин иқдом сабаби афзоиши гуруснагӣ хоҳад шуд. Дабири кулли СММ ҳам аз тасмими Маскав ибрози ноумедӣ кардааст.
Бар асоси тавофуқе, ки чанд моҳ пеш бо миёнаравии СММ ва Русия дар Истанбул имзо шуд, киштиҳои ҳомили ғалладонаи Украина имкон пайдо карданд, ки ба нуқтаҳои мухталифи ҷаҳон ба ҳаракат дароянд.
Он тавофуқ ба ҳадафи таъмини ниёзи кишварҳои мухталиф дар Осиёи ғарбӣ ва Африқо, ки ба содироти ғалла аз Украина вобаста ҳастанд, ба даст омад. Қарор буд ин созиш баъд аз 120 рӯз, дар таърихи 19-уми ноябр тамдид шавад. Вазорати дифои Русия чанд рӯз пеш гуфт, ки тавофуқро тамдид нахоҳад кард.
Гуфтугӯ