Дар изҳороти матбуотии ин муассиса, ки онро хабаргузориҳои расмии Интерфакс ва ТАСС нашр кардаанд, омадааст, ки муомилаҳои ин асъор бо ҷуфти пули миллии “сомонӣ-рубл” ва “сом-рубл” барпо мешаванд. Ба навиштаи манбаъ, тиҷорати бозор бо ҷуфти нави асъори имкони табодули мустақими пулро дар бонкҳо ва миёни шахсони инфиродию ҳуқуқӣ фароҳам мекунад. Дар гузашта чунин муомилаҳо бо пулҳои миллии кишварҳои дигари собиқ шӯравӣ ҳам ба роҳ монда шуда буд ва ҳоло дар ин биржа муомилаҳои пулӣ бо 16 ҷуфти асъор амал мекунад.
Мақомот ва коршиносон дар Тоҷикистон мегӯянд, ки ба таври мустақим ба роҳ мондани табодули асъор пеш аз ҳама ба манфиати ширкатдорони бозор аз Тоҷикистон аст.
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ рӯзи 29-уми октябр гуфт, “ҳар куҷое, ки имконияти рушд додани ҳамкории молиявӣ ва гардиши мол ҳаст, барои манфиати кишвар бошад, албатта, хабари хубу хуш аст”. Қаҳҳорзода гуфт, дар низоми муомилоти берунаи Тоҷикистон асосан асъори мисли доллари амрикоӣ, еврои аврупоӣ ё юани чинӣ ба кор меравад. Дар шарҳи шеваи истифодаи пули миллии Тоҷикистон дар бозори асъори беруна, вазир гуфт: “Гап дар бораи он аст, ки асъоре, ки дар он бозор истифода мешавад, истифодаи асъори миллии як кишвар дар кишвари дигар аст, ба хотири осон кардани амалиёти молиявӣ ё анҷом додани амалиёти молиявӣ. Нафароне, ки, масалан, барои воридот ё содирот шартнома мебанданд, тартиби муайяни шартномаҳои байналмилӣ ҳаст, ки дар он чанд банд мушаххасан дарҷ мешавад ва яке аз онҳо асъори пардохт аст. Вақте амалиёт мувофиқи шартнома сурат мегирад, бар асоси ҳамон асъоре, ки дар шартнома ёд шудааст, сурат мегирад”.
Таҳлилгари иқтисодӣ Нуриддин Қаюмов ҳам гуфт, ки муомилаҳои мустақими пули тоҷикӣ ба русӣ, бидуни зарурати ба асъори дигар табдил кардани он ба манфиати дастандаркорони ин тиҷорат дар Тоҷикистон мешавад. Ӯ ин қарорҳои барои Тоҷикистон бесобиқаро бо таҳримҳои ғарб болои Русия дар паи шурӯи ҷанги беасосаш алайҳи Украина рабт дод.
Таҳлилгарони дигар мегӯянд, қарори мазкур ҳадафҳои дарозмуддати сиёсию иқтисодӣ дорад. Агар як ҳадафаш “гарм кардани дили” шарикон аз Осиёи Марказии осебдида аз таъсири ғайримустақими таҳримҳои ғарб ба иқтисоди миллии кишварҳои вобастаи иқтисоди Русия бошад, ҳадафи дигар камтар кардани вобастагии ин кишварҳо аз доллари амрикоиву юани чинӣ – шарики муҳими иқтисодию тиҷоратии кишварҳо аст. Як сабаби чунин тасмим, ба қавли бархе таҳлилгарон, эҷоди вобастагии бештари иқтисодҳои Осиёи Марказӣ аз рублу бозори русӣ гуфта мешавад.
Дар Қирғизистони ҳамсоя, ки пули миллиаш ҳамчунин мавриди таваҷҷӯҳи “Биржаи Маскав” қарор гирифтааст, бархе таҳлилгарон мегӯянд, ин хабар “бештар барои бахши бонкӣ хуб аст”, вале дар бозори дохилии кишвар тағйироти амалие эҷод намекунад. Аз ҷумла, сиёсатшинос Денис Бердаков ба вебсайти akchabar.kg моҳи сентябр гуфт, ки “агар сӯҳбат аз таъминкунандаҳои маҳсулоти дохилии мисли корхонаи дӯзандагӣ бошад, бале, онҳо таъминкунандаи пули миллӣ – сом буда метавонанд.
Вале вақте мо дар бораи муомилаҳои сатҳи биржа ё бозор сӯҳбат мекунем, он ҷо гап дар бораи муомилаҳои азими ғайринақдии асъор меравад. Яъне ин ширкатҳои чиддие мебошанд, ки ба таври боз аз роҳи ҳисобҳои бонкӣ кор карда, ҳама андозҳоро месупоранд, чунки амалиёти онҳо шаффоф аст”. Дар Қирғизистон, ба гуфтаи ӯ, шумори чунин ширкатҳо зиёд нест ва онҳо наметавонанд ба таъмини эҳтиёҷоти калонҳаҷм таъсир расонанд, ба забони дигар, онҳо ба тағйири қурби сом таъсир карда наметавонанд.
Гуфтугӯ