Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва Умон - рақибони мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023


Мунтахаби ҷавонони то 20-солаи футболи Тоҷикистон (U-20) тибқи қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023, ки имрӯз, 26-уми октябр дар Тошканд доир гардид, дар гурӯҳи “С” бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва Умон бозӣ мекунад.

Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни мунтахабҳои ҷавонони то 20-сола аз 1-ум то 18-уми марти соли оянда дар Узбекистон баргузор мешавад.

Бар асоси қуръакашӣ 16 дастаи иштироккунандаи марҳилаи ниҳоӣ ба чаҳор гурӯҳи чордастаӣ тақсим шуданд. Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2023 миёни ҷавонон чаҳор дастаи беҳтарин ба Ҷоми ҷаҳон, ки соли оянда дар Индонезия баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.

Натоиҷи қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 20-сола:

Гурӯҳи «А»: Узбекистон, Индонезия, Ироқ, Сурия.

Гурӯҳи «В»: Қатар, Австралия, Ветнам, Эрон.

Гурӯҳи «С»: Кореяи Ҷанубӣ, Тоҷикистон, Урдун, Умон.

Гурӯҳи «D»: Арабистони Саудӣ, Ҷопон, Чин, Қирғизистон.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи футболи Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «I» дар Душанбе ғолиб шуд, ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии қора роҳ ёфт.

Футболбозони ҷавони тоҷик бори панҷум ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳхат гирифтанд. Онҳо қаблан солҳои 2006, 2008, 2016 ва 2018 дар Ҷоми Осиё иштирок карда буданд. Мусобиқа то соли 2006 ҳамчун қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонон ҳар сол доир мегашт, аз соли 2008 миёни ҷавонони то 19-сола дар ду сол як маротиба баргузор мешуд. Нахустин бор аст, ки Ҷоми Осиё миёни ҷавонони то 20-сола доир мегардад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG