Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати таъсисдодаи "Фароз" 18-умин истгоҳи нақлиётиро кушод. Нархҳояш номаълум. ВИДЕО


Ба Суғд аз терминали нав сафар мекунед
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:38 0:00

Ба Суғд аз терминали нав сафар мекунед

Дар канори шаҳри Душанбе, дар самти вилояти Суғд барои ронандагону мусофирон истгоҳ ё терминали наве сохта шудааст, ки соҳибашро яке аз наздикони президенти Тоҷикистон медонанд.

Терминали навро ширкати “Тоҷиквнештранс”, ки муассисаш ширкати ”Фароз” аст, бунёд кардааст. “Фароз”, ширкати ҳамакораи мутааллиқ ба Шамсулло Соҳибов, домоди Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, аз 11-уми марти соли 2020 дигар расман вуҷуд надорад. Дар сомонаи расмии “Тоҷиквнештранс” гуфта мешавад, ки ин ширкат 18 терминали нақлиётии кишварро идора мекунад.

Терминали нав дар масоҳати наздик ба 6 гектар ва бо харҷи 7,5 миллион сомонӣ бунёд шудааст. Шоҳрух Амонов, намояндаи ширкати “Тоҷиквнештранс” рузи 21-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар терминали нав “таваққуфгоҳҳо барои мошинҳои сабукрав ва борбар, анборҳои нигаҳдории молу маҳсулот, меҳмонхона, нуқтаҳои савдо ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ” сохта шудааст.

Ҳамакнун тамоми мошинҳои мусофирбар, ки аз самти вилояти Суғд меоянд, дар терминали навбунёди “Чорбоғ” таваққуф мекунанд ва ҳамин тавр, аз ин терминал мусофир гирифта ба шимоли кишвар бармегарданд. Қаблан мошинҳои мусофирбари самти вилояти Суғд бо мусофирони худ вориди шаҳр гардида, дар аксар ҳолат мусофирони хешро то ба манзил мерасониданд. Ҳангоми бозгашт, онҳо аз терминали “Маром”, ки дар наздикии корхонаи “Сементи тоҷик” аст, мусофир мегирифтанд.

Шоҳрух Амонов, масъули ширкати “Тоҷиквнештранс” гуфт, “барои онҳо мо тамоми шароитҳоро дар терминали мусофиркашонии шимолӣ муҳайё кардем. Онҳо метавонанд то муҳлати 40 рӯз бе пардохти пул аз хизматрасониҳои мо истифода баранд”.

Ҳоло бунёди меҳмонхона ва таваққуфгоҳҳо барои мошинҳои борбар идома дорад. Намояндаи ширкати “Тоҷиквнештранс” гуфт, нархи меҳмонхона ва ҳаққи истифодаи терминал ҳанӯз муайян нашудааст. Дар терминали кӯҳнаи мусофиркашонии самти вилояти Суғд ронандагон барои истифодаи якдафъаина 20 сомонӣ пардохт мекарданд.

Аммо бархе аз ронандагон гуфтанд, эҳтимол онҳо барои истифодаи якдаъфаина аз ин терминал 30 сомонӣ пардохт кунанд. Бархе ронандагон гуфтанд, ҳанӯз ба ҷои нав одат накардаанд ва на ҳамаи мусофиркашҳо ва мусофирони самти вилояти Суғд ба ин терминал омадаанд.

Фармонбой Фармонов, ронандаи мусофиркаши самти Душанбе-Айнӣ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “ҳоло рӯзи якум аст, ҳама якҷоя шудаанд, намедонӣ, кӣ куҷо меравад. Пеш мусофиронро то гардиши “Товус” мебурдем, баъд аз тариқи роҳи боло ба тарафи истгоҳи сементзавод мерафтем. Ин ҷо акнун шароиташ нағзтар мешавад, ҳамин хел ваъда кардаанд”.

Дар аввалин рӯзи ба кор шуруъ кардани ин терминал шумори мусофирон низ чандон зиёд набуд.

Равшан Ҷумъаев, мусофири самти Душанбе-Истаравшан гуфт, “дар он он ҷо агар як шаб меистодем, барои ҷойи хоб 80 то 100 сомонӣ пардохт мекардем. Акнун ин ҷо биёем, мебинем чихел аст.”

Тибқи иттилои расмӣ ҳамарӯза ба пойтахт аз ҳашт дарвозаи он бештар аз 140 ҳазор мошин ворид мешавад. Зимнан, мошинҳои мусофиркаше, ки аз тарафи ноҳияи Рӯдакӣ ва вилояти Хатлон тавассути дарвозаи ҷанубӣ дохил мешаванд, онҳо низ аз терминали мусофирбарии ширкати «Тоҷиквнештранс» истифода мекунанд. Ширкати “Тоҷиквнештранс” моҳи феврали соли 2010 пайдо шуда, муассисаш ҶСП “Фароз” мебошад ва дар сохторҳои андоз таҳти рақами 0310006501 сабтином шудааст. Суроғаи ҳуқуқии ширкат дар ноҳияи Фирдавсӣ дар маконе сабт шудааст, ки дар он ниҳодҳои дигари марбут ба “Фароз”, аз ҷумла чопхонаи он "Нашриёти муосир" ҷойгир шудаанд. Аммо масъулини ин ширкат дар суҳбат бо Радиои Озодӣ танҳо гуфтанд, кори ин ширкат хизматрасонии нақлиётӣ аст. «Тоҷиквнештранс»-ро яке аз ширкатҳои монополисти табиӣ дар феҳристи Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон низ дидан мумкин аст. Номи ин ширкат ҳамчунин барои танзими мошинҳои калони борбар дар сарҳади Чин зикр шудааст. Як таҳқиқоти Радиои Озодӣ дар ду моли пеш муаян карда буд, ки дар баробари “Тоҷиквнештранс”, ҳамчунин ширкатҳои дигар марбут ба собиқ ширкати “Фароз” амал мекунанд: аз ҷумла, "Нашриёти муосир", мактаби ронандагӣ, маркази муоинаи техникии автомобилӣ, толори варзишӣ ва нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG