Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бебарқӣ ва фишор соҳибкори тоҷикро бекор гузошт. ВИДЕО


Ширкати "Ориён-Рустам" исрор меварзад, ки ноодилона аз нерӯи барқ маҳрум шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:50 0:00

Ширкати "Ориён-Рустам" исрор меварзад, ки ноодилона аз нерӯи барқ маҳрум шудааст

Қатъи барқ дар як корхонаи саноатии Кӯлоб боиси садҳо ҳазор сомонӣ зиён дидани соҳибкори маҳаллӣ ва бекор мондани даҳҳо нафар шудааст.

Корхонаи “Ориён-Рустам”, ки аз гушт маҳсулоти истеъмолӣ истеҳсол мекард, дар гузашта аз фаъолтарин корхонаи саноатӣ дар ин шаҳр ҳисоб меёфт. Чор моҳи пеш интиқоли барқ ба ин корхона қатъ шуд ва дар як ҳафта беш аз 30 тонна маҳсулоти гуштиаш вайрон шуд. Зиёни расидаро тақрибан як миллион сомонӣ ҳисоб кардаанд. Масъулони шабакаҳои барқии Кӯлоб ин корхонаро дар дуздии барқ муттаҳам мекунанд, вале соҳиби корхона инро дурӯғ ва як навъ фишор меномад.

Темур Табаров, сардори Шабакаҳои тақсимоти барқ дар шаҳри Кӯлоб дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ин корхона ҳолати дуздии барқ ошкор кардаанд ва ҳоло аз ин ба Додситонии кулл шикоят мекунанд.

Роҳбарияти корхонаи “Ориён-Рустам” дуздии барқро рад мекунанд ва ба президент шикоят кардаанд. Баръакс, онҳо мегӯянд, пули истифодаи барқро пешпардохт карда буданд ва ҳанӯз онро пурра истифода набурдаанд.

Дар корхонаи “Ориён-Рустам, ки онро соҳибкори маҳаллӣ Амриддин Рустамов таъсис дода буд, ” 36 нафар кор мекард ва ҳоло онҳо ба рухсатии бемузд рафтаанд.

Абдулло Мирзосафар, корманди корхонаи “Ориён-Рустам” гуфт, агар барқ надиҳанд, корхона муфлис мешавад.

Ҳукумати шаҳри Кӯлоб соли 2022-ро соли рушди саноат эълон кардааст, вале соҳибкорон мегӯянд, фишор болояшон зиёд аст ва имкони рушд додани тиҷораташонро надоранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG