Дар шаҳри Кӯлоб марказе сохтанд, ки аз тариқи он, ба воситаи қатораҳои боркаш, молу маҳсулотро то Туркия интиқол медиҳанд.
Ҳафтаи гузашта нахустин қатори боркаши Тоҷикистон аз ин шаҳр ба самти Туркия ба роҳ баромад. Ин қатора молу маҳсулотро аз Тоҷикистон тавассути Узбекистон, Туркманистон ва Эрон то Туркия хоҳад расонд.
Мақомоти тоҷик гуфтанд, аз ин марказ молу маҳсулоте, ки аз Чин тариқи роҳи Кулма-Хоруғ, Қалъаи-Хум ба Кӯлоб мерасад, ба Туркия интиқол меёбад. Ҳамзамон, тоҷирони тоҷик низ имкон пайдо мекунанд, ки маҳсулоти худро то Аврупо содир кунанд.
Бурӣ Каримов, раиси Шӯрои байни давлатии роҳсозони кишварҳои ҳамсуд мегӯяд, тарҳи ин ин масир дар як нишаст дар Туркманистон тарҳрезӣ шуда буд. "Дар конфронси байналмилалӣ дар Туркманистон, ҷое, ки вузарои кишварҳое, ки имкони ба баҳрҳо баромадан надоранд, ҷамъ шуда будем. Як моҳ пеш онҷо аз нуқтаи назариявӣ оғоз кардем ва хушбахтона имрӯз дар Кӯлоб ва Тоҷикистони азиз ба таври амалӣ барои бурдану овардани борҳо аз Чин ба дигар кишварҳо ва баръакс, аз дигар кишварҳо ба Чин кори амалиро оғоз намудем,"--гуфт ӯ.
Мақомот мегӯянд, ба он хотир Кӯлобро интихоб карданд, ки он ягона шаҳри наздик ба марзи Чин аст, ки роҳи оҳан дорад. Аз марзи Чин то шаҳри Кӯлоб, тариқи вилояти Мӯхтори Кӯҳистони Бадахшон танҳо роҳи нақлиётӣ мавҷуд аст.
Ҳанӯз маълум нест, ки ин масир то куҷо муввафақ мешавад.
Тафсилотро дар видео тамошо кунед:
Гуфтугӯ