Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақибони паҳлавонони тоҷик дар "Abu Dhabi Grand Slam 2022" маълум шуданд


Темур Раҳимов (аз чап), паҳлавони номдори тоҷик. Акс аз бойгонӣ.
Темур Раҳимов (аз чап), паҳлавони номдори тоҷик. Акс аз бойгонӣ.

Рақибони паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байнулмилалии ҷудо Abu Dhabi Grand Slam 2022”, ки рӯзҳои 21-23-юми октябр дар пойтахти Имороти Муттаҳидаи Араб - шаҳри Абузаби - баргузор мешавад, муайян гардиданд.

Чунонки сомонаи расмии Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF) хабар додааст, дар ин мусобиқа, ки бори ҳафтум бо мақоми “Grand Slam” (“Тоскулоҳи бузург”) баргузор мешавад, 414 варзишгар (239 мард ва 175 зан) аз 65 кишвари панҷ қитъаи олам иштирок хоҳанд кард. Рақобатҳо дар 7 вазн байни мардон ва дар 7 вазн миёни занон сурат мегирад.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон даҳ варзишгар (8 мард ва 2 зан) дохиланд. Дар мусобиқаи мардон Муслимбек Каримов (дар вазни то 60 кг), Шаҳбоз Саидаброров (-66 кг), Муҳаммадшариф Наҷмиддинов (-73 кг), Шодмон Ризоев (-81 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов, Комроншоҳи Устопириён (ҳарду дар вазни -90 кг), Абубакри Акобир, Эмомризо Анварзода (ҳарду дар вазни -100 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) ширкат меварзанд.

Тоҷикистонро дар мусобиқаи занон ду нафар – Шоҳида Қаландарова (-57 кг) ва Мавлуда Одинаева (-63 кг) – намояндагӣ мекунанд.

Бар асоси қуръакашӣ рақибони паҳлавонони тоҷик маълум шуданд:

Мардон

Муслимбек Каримов (-60 кг) – даври дуюм – Аҳмад Ал Нақбӣ (Имороти Муттаҳидаи Араб)

Шаҳбоз Саидаброров (-66 кг) – даври дуюм – ғолиби ҷуфти Мунис Ҳавсавӣ (Арабистони Саудӣ)/Шуген Накано (Филиппин)

Муҳаммадшариф Наҷмиддинов (-73 кг) – даври дуюм – Ҷек Ёнезука (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико)

Шодмон Ризоев (-81 кг) – даври дуюм – Муҳаммад Ал Ҳаҷрӣ (Арабистони Саудӣ)

Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг) – даври аввал – Ҳаррисон Кассар (Австралия)

Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) – даври аввал – Карел Фоуберт (Белгия)

Абубакри Акобир (-100 кг) – даври дуюм – Симеон Катарина (Нидерланд)

Темур Раҳимов (+100 кг) – даври дуюм – ғолиби ҷуфти Бекмурод Олтибоев (Узбекистон)/Мустафо Форана (Гвинея)

Занон

Шоҳида Қаландарова (-57 кг) – даври аввал – Вероника Тониоло (Италия)

Мавлуда Одинаева (-63 кг) – даври аввал – Амина Белкадӣ (Алҷазоир)

Ғолибону ҷоизадорон ба ҷуз аз медал бо ҷоизаҳои молӣ қадрдонӣ мешаванд. Ба барандагони медали тилло 5000 евро, медали нуқра - 3000 ва ба соҳибони медали биринҷӣ 1500 евро тақдим мегардад.

Инчунин ширкаткунандагони ин мусобиқаи пурнуфузи байнулмилалӣ соҳиби имтиёзҳо мешаванд. Варзишгароне, ки медали тилло мегиранд, 1000 имтиёз, медали нуқра - 700 имтиёз ва медали биринҷӣ 500 имтиёз ба даст меоранд. Ҳамчунин онҳое, ки ҷойҳои 5-ум ва 7-умро касб мекунанд, мутаносибан соҳиби 360 ва 260-имтиёзӣ хоҳанд шуд.

Барномаи мусобиқа:

21-уми октябр (ҷумъа). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон; -60 кг, -66 кг миёни мардон.

22-юми октябр (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни занон; -73 кг, -81 кг миёни мардон.

23-юми октябр (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон.

Ёдовар мешавем, паҳлавонони тоҷик соли гузашта дар мусобиқаи байнулмилалии ҷудо “Abu Dhabi Grand Slam 2021” се медал – 1 нуқра ва 2 биринҷӣ - гирифта буданд. Дар вазни то 90 кило Комроншоҳи Устопириён медали нуқра ва Ҷаҳонгир Маҷидов медали биринҷӣ ба даст оварданд. Медали дигари биринҷиро Темур Раҳимов дар вазни +100 кило соҳиб шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG