Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байнулмилалии ҷудо “Abu Dhabi Grand Slam 2022”, ки рӯзҳои 21-23-юми октябр дар пойтахти Имороти Муттаҳидаи Араб - шаҳри Абузаби - баргузор мешавад, ширкат меварзанд.
Чунонки сомонаи расмии Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF) хабар додааст, дар ин мусобиқа, ки бори ҳафтум бо мақоми “Grand Slam” (“Тоскулоҳи бузург”) баргузор мешавад, 419 варзишгар (243 мард ва 176 зан) аз 65 кишвари панҷ қитъаи олам иштирок хоҳанд кард. Рақобатҳо дар 7 вазн байни мардон ва дар 7 вазн миёни занон сурат мегирад.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон 11 варзишгар дохил мебошад. Дар мусобиқаи мардон иштироки 9 нафар дар назар аст: Муслимбек Каримов (дар вазни то 60 кг), Шаҳбоз Саидаброров (-66 кг), Муҳаммадшариф Наҷмиддинов (-73 кг), Шодмон Ризоев (-81 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов, Комроншоҳи Устопириён (ҳарду дар вазни -90 кг), Абубакри Акобир, Эмомризо Анварзода (ҳарду дар вазни -100 кг), Темур Раҳимов (+100 кг).
Тоҷикистонро дар мусобиқаи занон ду нафар – Шоҳида Қаландарова (-57 кг) ва Мавлуда Одинаева (-63 кг) – намояндагӣ мекунанд.
Ба ҷуз аз медалу ҷоизаҳои молӣ, ширкаткунандагони ин мусобиқаи пурнуфузи байнулмилалӣ соҳиби имтиёзҳо мегарданд. Варзишгароне, ки медали тилло мегиранд, 1000 имтиёз, медали нуқра - 700 имтиёз ва медали биринҷӣ 500 имтиёз ба даст меоранд. Ҳамчунин онҳое, ки ҷойҳои 5-ум ва 7-умро касб мекунанд, мутаносибан соҳиби 360 ва 260-имтиёзӣ мешаванд.
Барномаи мусобиқа:
21-уми октябр (ҷумъа). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон; -60 кг, -66 кг миёни мардон.
22-юми октябр (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни занон; -73 кг, -81 кг миёни мардон.
23-юми октябр (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон.
Ёдовар мешавем, паҳлавонони тоҷик соли гузашта дар мусобиқаи байнулмилалии ҷудо “Abu Dhabi Grand Slam 2021” се медал – 1 нуқра ва 2 биринҷӣ - гирифта буданд. Дар вазни то 90 кило Комроншоҳи Устопириён медали нуқра ва Ҷаҳонгир Маҷидов медали биринҷӣ ба даст оварданд. Медали дигари биринҷиро Темур Раҳимов дар вазни +100 кило соҳиб шуд.
Гуфтугӯ