Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар як соли ҳукумати Толибон қочоқи маводи мухаддир аз он кишвар афзоиш ёфтааст.
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, рӯзи 18-уми октябр гуфт, агар соли 2020 ниҳодҳои қудратии кишвар 2,5 тонна маводи мухаддир мусодира карда буданд, дар соли 2021 ин омор то 4 тонна афзуд.
Додситони кулли Тоҷикистон қочоқи маводи мухадирро манбаи асосии даромади гуруҳҳои террористӣ дар Афғонистон номид. Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр марз дорад, ки назорати як қисмати он душвор аст.
Тибқи як гузориши Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, бо вуҷуди манъи расмии кишти кукнор аз сӯи ҳукумати Толибон, Афғонистон дар қочоқ ва истифодаи он дар сатҳи ҷаҳон пешсаф аст.
Деҳқонон дар вилоятҳои Қандаҳор, Ҳилманд ва Урузгон -- ҷое, ки аз ҳама бештар маводи кукнор кишт мешавад, гуфтаанд, ки онҳо озодона киштзорҳои худро васеътар мекунанд.
Коршиносон ҳам мегӯянд, ки ҳукумати зери раҳбарии Толибон чандон алоқаманди манъи кишти кукнор нест, зеро он яке аз манбаъҳои даромад барои онҳо мемонад. Онҳо, инчунин, тавони бо кор таъмин кардани садҳо ҳазор деҳқонро, ки зиндагии онҳо вобастаи кишту тиҷорати маводи мухаддир аст, надоранд.
Пас аз суқути ҳукумати пешин, мардуми Афғонистон бо фақр ва бекории бештар рӯбарӯ шуданд. Иқтисоди ин кишвар дар ҳолати варшикастагӣ қарор дорад ва кишварҳои ғарбӣ ёриҳои худро қатъ карданд ва алайҳи ҳокимони нав дар Афғонистон таҳримҳои байнулмилалӣ ҷорӣ намуданд.
Тибқи ҳисобҳои Созмони Милал, даромад аз маводи мухаддири Афғонистон дар соли 2021 ҳудуди 2,7 миллиард доллар будааст. Дар як гузориши НАТО, ки соли 2020 таҳия шуд, гуфта шуда буд, ки Толибон аз ин бахш беш аз 400 миллион доллар даромад мегиранд.
Гуфтугӯ