Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 5000 касро аз мадрасаҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон овардаанд 


Афғонистон. Акс аз бойгонӣ
Афғонистон. Акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон зиёда аз панҷ ҳазор ҷавонро аз мактабҳои динии хориҷӣ ба кишвар баргардондааст. Дар ин бора президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 18-уми октябр дар як нишаст дар Душанбе хабар дод.

Ба гуфтаи раиси ҷумҳур, ин гуруҳи шаҳрвандон “бо мақсади пешгирӣ аз ҳамроҳшавии онҳо ба гурӯҳҳои террористиву ифротгароӣ” ба Тоҷикистон баргардонда шуданд.

Бозгардони донишҷӯёни мактабҳои динӣ аз кишварҳои исломӣ соли 2010 оғоз ёфта буд. Ба гуфтаи баъзе аз донишҷӯёни бозгашта, ба онҳо ваъда дода буданд, ки дар дохили кишвар таълимашонро идома медиҳанд, вале иҷро нашуд.

Феълан дар Тоҷикистон як донишкадаи исломӣ ҳаст, ки муҳассилинаш камтаранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG