Карим Бензема, ҳамлагари 34-солаи «Реал Мадрид»и Испания ва тими миллии Фаронса, барандаи ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ» дар соли 2022 гардид. Ин ҷоиза бори аввал ба ӯ супурда шуд. Маросими ҷоизасупорӣ 17-уми октябр дар Порис доир гардид.
Дар мавсими гузашта ин футболбози фаронсавӣ дар ҳайати “Реал Мадрид” ғолиби Лигаи қаҳрамонҳо (бори панҷум дар фаъолияти худ) ва қаҳрамони Испания (бори ҷаҳорум) гардид. Вай инчунин голзани беҳтарин дар ҳарду мусобиқа шуд.
Бензема дар Лигаи қаҳрамонҳо дар 12 бозӣ 15 гол, дар Ла Лига дар 32 бозӣ 27 гол задааст. Дар маҷмӯъ, ӯ дар мавсими 2021/22 дар 46 бозӣ дар ҳайати “Реал Мадрид” дар ҳама мусобиқаҳо 44 гол ба самар расондааст.
Дар ҷараёни раъйдиҳӣ Садио Мане, ҳамлагари 30-солаи бошгоҳи “Бавария”-и Мюнхени Олмон ва мунтахаби Сенегал, ҷойи дувум ва Кевин Де Брюйне, нимҳимоятгари 31-солаи бошгоҳи “Манчестер Сити”-и Англия ва тими миллии Белгия, ҷойи севумро касб карданд.
Президенти Фаронса Эммануэл Макрон ҳамлагар Карим Бенземаро, ки бо ҷоизаи France Football "Тӯби тиллоӣ" сарфароз гашт, табрик кард. Зимнан, Бензема панҷумин намояндаи Фаронса гардид, ки бо «Тӯби тиллоӣ» мукофотонида шуд. Қаблан ин ҷоизаро Раймон Копа (соли 1958), Мишел Платини (1983, 1984, 1985), Жан-Пер Папен (1991) ва Зинедин Зидан (1998) ба даст оварда буданд.
Роберт Левандовски, ҳамлагари 34-солаи бошгоҳи “Барселона”-и Испания ва тими миллии Полша (Лаҳистон), ҷоизаи "Герд Мюллер" - беҳтарин ҳамлагари солро гирифт. Тибо Куртуа, дарвозабони 30-солаи “Реал Мадрид” ва тими миллии Белгия, ҷоизаи “Лев Яшин”-ро барои беҳтарин дарвозабон гирифт. Гави (Пабло Мартин Паес Гавира), нимҳимоятгари 18-солаи тими “Барселона” ва мунтахаби Испания, ҳамчун беҳтарин бозигари ҷавон ҷоизаи “Раймон Копа”-ро ба даст овард.
Ёдовар мешавем, ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ» дар соли 2021 насиби Лионел Месси, ҳамлагари ПСЖ ("Пари Сен-Жермен")-и Фаронса ва мунтахаби Аргентина, гардида буд.
Ҷоизаи "Тӯби тиллоӣ", ки онро ҳамасола маҷаллаи фаронсавии «France Football” месупорад, соли 1956 таъсис ёфтааст. Соли 2020 бинобар пандемияи коронавирус маросим лағв шуда буд.
Аз соли 1956 то 2006 ғолиб тибқи раъйдиҳии хабарнигорон муайян карда мешуд, аз соли 2007 ҳаққи овоздиҳиро, инчунин мураббиён ва капитанҳои мунтахабҳои миллӣ гирифтанд.
Аз соли 2010 "Тӯби тиллоӣ" якҷоя бо Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) супурда мешуд, аз соли 2016 «France Football” ҷоизаро алоҳида месупорад, ҳамзамон FIFA ҷоизаи худро барои бозигари беҳтарини сол таъсис дод.
Аз ҳама бештар ҷоизаи "Тӯби тиллоӣ"-ро ҳамлагари аргентинӣ Лионел Месси ба даст овардааст, ӯ ҳафт маротиба (2009, 2010, 2011, 2012, 2015, 2019 ва 2021) баранда шудааст.
Аз ҷиҳати теъдоди ин ҷоиза ҳамлагари португолӣ Криштиану Роналду дар мақоми дувум аст. Ба ӯ "Тӯби тиллоӣ" панҷ бор (2008, 2013, 2014, 2016, 2017) супурда шудааст.
Мақоми севумро фаронсавӣ Мишел Платини, ҳолландиҳо Йохан Кройф ва Марко Ван Бастен соҳиб гаштаанд. Ин бозигарон себорӣ ҷоизаи "Тӯби тиллоӣ"-ро ба даст овардаанд. Платини солҳои 1983, 1984 ва 1985, Кройф солҳои 1971, 1973 ва 1974, Ван Бастен солҳои 1988, 1989 ва 1992 ин ҷоизаро гирифтаанд.
Гуфтугӯ