Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон содироти ангиштро муваққатан манъ мекунад


Яке аз бозорҳои ангиштфурӯшӣ дар Бишкек, Қирғизистон.
Яке аз бозорҳои ангиштфурӯшӣ дар Бишкек, Қирғизистон.

Вазири энержии Қирғизистон Таалайбек Ибраев дар як нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки мехоҳанд аз 17-уми октябри имсол содироти ангиштро муваққатан манъ кунанд.

Ба гуфтаи ӯ, ин тасмим ба хотири пешгирӣ аз норасоии ангишт дар Қирғизистон гирифта мешавад. Ӯ қайд кард, ки дар ҳоли ҳозир ангишт дар кишвараш камчин нашудааст.

Ҳамчунин Ибраев афзуд, ки ниҳоди зери раҳбарии ӯ наметавонад сари вақт барои харидории ангишт ба Маркази барқу гармидиҳӣ озмун эълом кунад ва бинобар ин, ширкати "Истгоҳи барқӣ" барои харидории 400 ҳазор тонна ангишт аз ширкати Қазоқистон қарордод имзо кардааст.

"То 1 ноябр ҳамаи иншооти барқӣ барои таъмини сокинон бо неруи барқу гармӣ 100 дарсад омода мешаванд", - афзуд ӯ.

XS
SM
MD
LG