Рӯзҳои 14-16-уми октябр дар пойтахти Арманистон – Ереван - мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо миёни навҷавонон, наврасон, духтарон, инчунин оид ба самбои размӣ миёни навҷавонон бо ширкати варзишгарони 24 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, баргузор мешавад.
Варзишгарон барои 55 маҷмуи медалҳо аз рӯи дараҷаҳои зерини вазнӣ рақобат мекунанд:
Кадетҳо (писарони 14-16-сола): 46 кг, 49 кг, 53 кг, 58 кг, 64 кг, 71 кг, 79 кг, 88 кг, +88 кг.
Кадетҳо (духтарони 14-16-сола): 41 кг, 44 кг, 47 кг, 50 кг, 54 кг, 59 кг, 65 кг, 72 кг, +72 кг.
Наврасон (16-18-сола): 53 кг, 58 кг, 64 кг, 71 кг, 79 кг, 88 кг, 98 кг, +98 кг.
Духтарон (16-18-сола): 47 кг, 50 кг, 54 кг, 59 кг, 65 кг, 72 кг, 80 кг, +80 кг.
Навҷавонон (18-20-сола): 58 кг, 64 кг, 71 кг, 79 кг, 88 кг, 98 кг, +98 кг.
Духтарон (18-20-сола): 50 кг, 54 кг, 59 кг, 65 кг, 72 кг, 80 кг, +80 кг.
Самбои размӣ (навҷавонони 18-20-сола): 58 кг, 64 кг, 71 кг, 79 кг, 88 кг, 98 кг, +98 кг.
Барномаи мусобиқот:
14-уми октябр - мусобиқаи кадетҳо (писарон ва духтарон) дар ҳамаи дараҷаҳои вазнӣ, рақобатҳо оид ба самбои размӣ миёни навҷавонон дар ҳамаи дараҷаҳои вазнӣ.
15-уми октябр - рақобатҳо миёни писарон ва духтарон дар ҳамаи дараҷаҳои вазнӣ.
16-уми октябр - рақобатҳо миёни навҷавонон ва духтарон дар ҳамаи дараҷаҳои вазнӣ.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байнулмилалии самбо (FIAS), бори аввал дар таърихи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Ереван рақобатҳо оид ба самбои размӣ миёни навҷавонон доир мегардад. Пеш аз ин мусобиқот оид ба самбои размӣ танҳо байни бузургсолон сурат мегирифт.
«Дар таърихи Федератсияи байнулмилалии самбо бори нахуст дар байни наврасон мусобиқоти размӣ оид ба самбо баргузор мешавад. Ин тасмим дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи FIAS пас аз муроҷиати сершумори федератсияҳои миллӣ ба далели афзоиши маъруфияти самбои размӣ дар саросари ҷаҳон гирифта шудааст. Эҳтимол, маҳз дар ин мусобиқа ситораи наве медурахшад, ки дар оянда маъруфияти ӯ бо варзишгарони афсонавӣ, ба мисли Фёдор Емеляненко ва Ҳабиб Нурмагомедов муқоиса карда мешавад”, - гуфтааст президенти FIAS Василий Шестаков.
Гуфтугӯ