Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мубориза барои ду роҳхат ба лигаи олии футболи Тоҷикистон идома меёбад


Бозиҳои даври бистуми мусобиқоти лигаи аввали футболи Тоҷикистон натиҷагирӣ шуд.

Дар се бозӣ меҳмонон пирӯз шуданд. «Сарҳадчӣ»-и Ҳамадонӣ бар «Гулистон»-и шаҳри Гулистон бо ҳисоби 2:1, «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ бар «Ваҳдат»-и шаҳри Ваҳдат бо ҳисоби 6:0, «Ҳосилот»-и Фархор бар «Саройкамар»-и Панҷ бо ҳисоби 1:0 ғолиб омаданд.

Як бозӣ бо ғалабаи мизбонон хотима ёфт. «Душанбе»-и шаҳри Душанбе бар «Ҳулбук»-и Восеъ бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард. Як бозӣ мусовӣ шуд. Бозӣ миёни дастаҳои «Моҳир»-и Ёвон ва «Динамо»-и Душанбе бидуни гол ба поён расид.

Ба ин тартиб, «Ҳосилот»-и Фархор бо касби 50 имтиёз дар ҷадвали мусобиқоти лигаи аввали футболи Тоҷикистон пешсаф аст. «Кӯктош»-и Рӯдакӣ бо касби 48 имтиёз дар ҷойи дуюм ва «Динамо»-и Душанбе бо касби 41 имтиёз дар ҷойи сеюм қарор доранд.

Дар мусобиқоти имсола дувоздаҳ дастаи лигаи аввал барои ду роҳхат ба лигаи олии футболи Тоҷикистон мубориза мебарад. Бозиҳо аз рӯи системи даврӣ дар ду марҳила доир мегардад. Дар маҷмуъ ҳар як даста 22 бозӣ анҷом медиҳад.

Мусобиқоти лигаи аввали футболи Тоҷикистон

Даври 20-ум

«Гулистон» - «Сарҳадчӣ» - 1:2

«Душанбе» – «Ҳулбук» - 3:1

«Ваҳдат» - «Панҷшер» –- 0:6

«Моҳир» – «Динамо» - 0:0

«Саройкамар» - «Ҳосилот» – 0:1

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Ҳосилот» (Фархор)

19

16

2

1

55-14

50

2

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

18

15

3

0

57-9

48

3

«Динамо» (Душанбе)

17

13

2

2

62-15

41

4

«Саройкамар» (Панҷ)

20

12

3

5

47-24

39

5

«Ҳулбук» (Восеъ)

20

6

5

9

32-41

23

6

«Панҷшер» (Балхӣ)

20

5

8

7

30-23

23

7

“Барқчӣ” (Ҳисор)

16

7

1

8

38-33

22

8

«Душанбе» (Душанбе)

20

6

3

11

30-58

21

9

«Моҳир» (Ёвон)

20

6

2

12

32-47

20

10

“Гулистон” (Гулистон)

20

5

4

11

36-47

19

11

«Сарҳадчӣ» (Ҳамадонӣ)

18

4

3

11

26-50

15

12

“Ваҳдат” (Ваҳдат)

20

0

2

18

20-104

2

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG