Дабири кулли Созмони Милал мегӯяд, бо вуҷуди баъзе пешрафтҳо, духтарон дар гӯшаҳои дунё ҳамоно ба мушкили беҳуқуқӣ, таҳсил ва зӯроварӣ рӯбарӯ ҳастанд. Антонио Гутерриш рӯзи 10-уми октябр дар баёнияе аз таҳсил маҳрум шудани духтаронро дар Афғонистон ёд овард ва бори дигар аз Толибон хост, ки дари мактабҳоро ба рӯйи бонувон бикушоянд. Ӯ сармоягузориро барои рушди духтарон сармоягузорӣ ба ояндаи нек донист.
11-уми октябр Рӯзи байнулмилалии духтарон аст. Хабарнигори Радиои Озодӣ аз чанд роҳгузар дар Душанбе пурсид, ки оё барои рушди духтарон сармоягузорӣ мекунанду ба назари онҳо низ эҳтиром мегузоранд ё не. Назарҳо гуногун буд. Матнро инҷо хонед:
- "Ба фикри ман, дар Тоҷикистон одамони каме ҳастанд, ки ба рушди фарзандон сармоягузорӣ мекунанд. Мо, баръакс, чашмбароҳи он ҳастем, ки кай фарзандон ба мо ёрӣ медиҳанд."
- "Волидон нуқтаи назари маро мепурсанд, ба хостҳои ман гӯш медиҳанд. Албатта, аввал пешниҳоди худро мегӯянд. Вақте норозигӣ кардам, пас аз он хоҳишамро иҷро мекунанд."
- "Дар мо, тоҷикон, ҳатто дар замони Шӯравӣ як қонуни нонавишта буд. Мегуфтанд, духтар калон шуд, бояд шавҳар кунад. Ин мутлақо хато аст."
- "Новобаста аз онки ҷинси фарзанд кадом аст, писар ё духтар, волидон бояд ба рушди онҳо сармоягузорӣ кунанд. Аз диди шарқиёна, имконияти духтар маҳдуд аст, баъзан хостҳои дилашро ба падар гуфта наметавонад. Дар ин сурат, падар бояд худаш тасмим гирад, кумак кунад."
- "Падару модарам маро дастгирӣ мекунанд. Ба интихобам эҳтиром мегузоранд."
- "Мо бояд авлавиятро ба духтарон диҳем, чунки онҳо дар оянда модар мешаванд ва рушди кӯдакон зиёд аз онҳо вобаста аст."
- "Ҳеч сармоягузорӣ накардаам, аз куҷо кунам? Буҷет нест."
Видеоро дар инҷо бинед:
Гуфтугӯ