Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии панҷ паҳлавони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Тошканд


Сомон Маҳмадбеков, паҳлавони номдори тоҷик.
Сомон Маҳмадбеков, паҳлавони номдори тоҷик.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни бузургсолон, ки дар шаҳри Тошканди Узбекистон ҷараён дорад, дар чаҳор рӯзи рақобатҳо панҷ паҳлавони тоҷик ноком шуда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гаштанд.

Рӯзи якшанбе, 9-уми октябр, ду паҳлавони тоҷик - Сомон Маҳмадбеков ва Шодмон Ризоев - дар вазни то 81 кило вориди рақобат шуданд.

Маҳмадбеков дар даври аввал бар Франкойс Гаузейр аз Канада бо баҳогузории “ваза-ари” пирӯз шуд ва дар даври дувум бо Шарофиддин Болтабоеви узбекистонӣ рақобат кард. Сомон барои камфаъолиятиаш аз ҷониби довар се “шидо” гирифт ва мағлуб гардид.

Ризоев, ки дар даври аввад озод буд, дар даври дувум бо Ашраф Моутил аз Марокаш рақобат кард. Рақибаш паҳлавони тоҷикро бо баҳогузории “иппон» шикаст дод.

Ёдовар мешавем, аз байни варзишгарони тоҷик нахустин шуда Эмомалӣ Нуралӣ, қаҳрамони ҷаҳон миёни ҷавонон, рӯзи 7-уми октябр, ба рақобат пардохта буд. Ӯ, ки дар вазни то 66 кило дар даври аввал озод буд, дар даври дувум бо Орландо Поланко аз Куба рӯбарӯ шуд. Дар замони асосии қувваозмоӣ ғолиб муайн нагардид. Дар замони изофа паҳлавони тоҷик бо “ваза-ари” пирӯзӣ ба даст овард ва ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфт.

Рақиби Эмомалӣ дар ҳаштякфинал қаҳрамони Бозиҳои олимпии Токио-2020 ва қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон Ҳифуми Абе аз Ҷопон буд. Паҳлавони ҷавони тоҷик ба рақиби пуртаҷрибаву номдораш муқобилияти сахт нишон дод. Вале дар замони изофа ба паҳлавони тоҷик “шидо” ё танбеҳи севум дода шуд. Бинобар ин, гуштигири ҷопонӣ дастболо гардид. Абе ҳамаи рақибони дигарашро шикаст дод ва бори севум ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфт.

Ду паҳлавони дигари тоҷик – Муҳаммадраҳим Сарахонов ва Беҳрӯзи Хоҷазода - рӯзи шанбе, 8-уми октябр, дар мусобиқа миёни мардон дар вазни то 73 кило иштирок карданд. Сарахонов дар даври аввал аз Нилс Стампи швейтсарӣ мағлуб шуд. Ӯ дар ҷараёни рақобат аз ҷониби довар барои камфаъолиятиаш се “шидо” ё танбеҳ гирифт, бинобар ин рақибаш ғолиб гардид.

Хоҷазода бошад, дар даври аввал дар замони изофа бо “ваза-ари” Аксус Бенҷамини фаронсавиро шикаст дод, вале дар даври дувум қувваозмоиро ба Виктор Стерпу аз Молдова бохт.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар қаҳрамонии ҷаҳон дар пойтахти Узбекистон 571 варзишгар (310 мард, 261 зан) аз 82 кишвари панҷ қора иштирок доранд.

Тоҷикистонро дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Тошканд боз чаҳор варзишгар намояндагӣ мекунанд:

-90 кг – Ҷаҳонгир Маҷидов
-90 кг – Комроншоҳи Устопириён
-100 кг – Абубакри Акобир
+100 кг – Темур Ра
ҳимов

Имрӯз, 10-уми октябр, Комроншоҳи Устопириён ва Ҷаҳонгир Маҷидов қувваозмоӣ мекунанд. Устопириён дар даври аввал бо Ивайло Иванов аз Булғористон рақобат хоҳад кард. Маҷидов, ки тибқи қуръакашӣ дар даври аввал озод аст, дар даври дувум бо ғолиби ҷуфти Станислав Гунченко аз Украина ва Милан Рандл аз Словакия рӯбарӯ хоҳад шуд.

Рӯзи сешанбе, 11-уми октябр, Абубакри Акобир, ки дар даври аввал озод аст, дар даври дувум бо Николоз Шеразадашвили аз Испания қувваозмоӣ мекунад.

Рӯзи чоршанбе, 12-уми октябр, Темур Раҳимов ба рақобат мепардозад. Вай, ки дар даври аввал озод аст, дар даври дувум бо ғолиби ҷуфти Мариус Физел аз Словакия ва Кристиан Коновал аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қувваозмоӣ хоҳад кард.

Мусобиқа дар 7 вазн миёни мардон ва дар 7 вазн миёни занон сурат мегирад, инчунин сабқати даставии омехта доир мегардад. Бар асоси дастури мусобиқот рақобатҳо ҳар рӯз дар як вазн миёни мардон ва дар як вазн миёни занон баргузор мешавад. Сабқати даставии омехта дар рӯзи охирини мусобиқот - 13-уми октябр - ба нақша гирифта шудааст.

Ба ғолибону ҷоизадорони қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Тошканд ба ҷуз аз медал, ҷоизаҳои молӣ супурда мешавад: барои ҷойи аввал 26000 евро, барои ҷойи дуюм 15000 евро ва барои ҷойи сеюм 8000 евро.

Дар сабқати даставии омехта бошад, ба ғолиб 90000 евро, ба барандаи ҷойи дувум 60000 евро ва ба барандагони ҷойҳои севум 25000-евроӣ тақдим мегардад.

Баъди натиҷагирии чаҳор рӯзи мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни мардон ва занон дар Тошканд мунтахаби Ҷопон бо касби 5 медали тило, 3 нуқра ва 1 биринҷӣ дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Муғулистон бо касби 1 медали тило, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ дар ҷойи дувум ва мунтахаби Бразилия бо касби 1 медали тило ва 1 биринҷӣ дар ҷойи севум қарор доранд.

Ғолибону ҷоизадорони қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Тошканд дар чаҳор рӯзи мусобиқот (6-9 октябр) дар чаҳор вазн миёни мардон ва дар чаҳор вазн миёни занон:

Мардон

-60 кг

1. Наоҳиса Такато (Ҷопон)
2. Ариунбол Энхтайван (Муғулистон)
3. Елдос Сметов (Қазоқистон)
3. Янг Веи Янг (Тайбэйи Чин)

-66 кг

1. Ҳифуми Абэ (Ҷопон)
2. Жоширо Маруяма (Ҷопон)
3. Баул Ан (Ҷумҳурии Корея)
3. Денис Виерду (Молдова)

-73 кг

1. Согбаатар Сенд-Оҷир (Муғулистон)
2. Сочи Ҳашимото (Ҷопон)
3. Даниэл Каргнин (Бразилия)
3. Ҳидоят Ҳайдаров (Озарбойҷон)

-81 кг

1. Тато Григалашвили (Гурҷистон)
2. Маттҳиас Кассе (Белгия)
3. Таканори Нагасе (Ҷопон)
3. Шамил Борчашвили (Австрия)

Занон

-48 кг

1. Натсуми Сунода (Ҷопон)
2. Катарина Майнс (Олмон)
3. Абиба Абужакинова (Қазоқистон)
3. Ассунта Скутто (Италия)

-52 кг

1. Ута Абэ (Ҷопон)
2. Челси Ҷайлс (Британияи Кабир)
3. Дистрия Красничи (Косово)
3. Амандин Бюшар (Фаронса)

-57 кг

1. Рафаэла Силва (Бразилия)
2. Ҳарука Фунакубо (Ҷопон)
3. Ҷесика Климкаит (Канада)
3. Энкл Лхагватогу (Муғулистон)

-63 кг

1. Мегуми Ҳорикава (Ҷопон)
2. Катерина Беучемин-Пинард (Канада)
3. Манон Декетер (Фаронса)
3. Барбара Тимо (Португалия)

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG