Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи мубориза барои медалҳои қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ 


Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баъди танаффуси бистрӯза, ки ба иштироки тими миллии кишвар дар мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022» дар Тайланд бастагӣ дошт, бо бозиҳои даври шонздаҳум аз сар гирифта шуд.

Дар ду бозии даври шонздаҳум мизбонон, дар як дидор меҳмонон ғолиб омаданд, ду бозӣ бо натиҷаи мусовӣ хотима ёфт. Аввалин бозии даври шонздаҳум, ки 30-юми сентябр миёни дастаҳои «Эсхата» ва «Хатлон» дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд доир гардид, бо ҳисоби 0:0 ба поён расид.

Рӯзи 1-уми октябр ду бозии дигари даври сипаришуда доир гардид. «Хуҷанд» дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд «Файзканд»-и Восеъро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод. «Равшан»-и Кӯлоб дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзодаро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард.

Ду бозии охирини даври шонздаҳум 2-юми октябр баргузор шуд. КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе дар майдони худ аз дастаи меҳмон - «Равшан»-и Зафаробод – бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан дар майдони худ бозиро бо «Истиқлол»-и Душанбе бо ҳисоби 1:1 анҷом дод.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқоти лигаи олӣ «Истиқлол»-и Душанбе бо касби 31 имтиёз дар ҷойи аввал аст. «Равшан»-и Кӯлоб бо касби 27 имтиёз дар ҷойи дувум қарор дорад. “Хуҷанд”-и Хуҷанд бо касби 25 имтиёз дар ҷойи севум мебошад.

Ҳамин тариқ, мубориза барои медалҳои қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ идома меёбад. “Истиқлол” мудаии аслии медалҳои тилло ва унвони қаҳрамонист. Барои медалҳои нуқраю биринҷӣ дастаҳое, ки дар ҷадвали мусобиқот дар ҷойҳои аз дуюм то панҷум қарор доранд, талош меварзанд.

Рӯзи 5-уми октябр бозии мавқуфгузоштаи даври 4-уми мусобиқоти лигаи олӣ миёни дастаҳои «Эсхата» ва «Истиклол» баргузор мешавад.

Бозиҳои даври 17-уми қаҳрамонии Тоҷикистон рӯзҳои 8-10-уми октябр доир мегарданд. Рӯзи шанбе ду бозӣ байни дастаҳои «Регар-ТадАЗ» – КМВА ва «Хатлон» – «Истаравшан» сурат мегирад. Рӯзи якшанбе низ ду бозӣ миёни дастаҳои «Равшан» (Зафаробод) – «Хуҷанд» ва «Файзканд» – «Эсхата» баргузор мешавад. Бозии охирини даври навбатӣ рӯзи душанбе байни дастаҳои «Истиқлол» – «Равшан» (Кӯлоб) барпо мегардад.

Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2022

Лигаи олӣ. Даври 16-ум

«Эсхата» – «Хатлон» – 0:0

30 сентябр. Хуҷанд. Варзишгоҳи «Спартак». 800 тамошобин.

«Хуҷанд» – «Файзканд» – 3:0

Голҳо: Сергей Сканян, 8 (1:0). Хушнудбек Бозоров, 24 (2:0). Ҷаҳонгир Эргашев, 56 (3:0).

1 октябр. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 1800 тамошобин.

«Равшан» (Кӯлоб) – «Регар-ТадАЗ» – 2:0

Голҳо: Муҳаммадалӣ Азизбоев, 53 (1:0). Шодиҷон Муродов, 79 (2:0).

1 октябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 1000 тамошобин.

«Истаравшан» – «Истиқлол» – 1:1

Голҳо: Амирҷон Сафаров, 55 (1:0). Гонсало Габриел Ритакко, 90+2 (1:1).

2 октябр. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ. 8000 тамошобин.

КМВА – «Равшан» (Зафаробод) – 1:2

Голҳо: Хуршед-Темур Ҷӯраев, 56 (1:0). Парвизҷон Деҳқонов, 80 (1:1). Бахтиёр Зарипов, 85 (1:2).

2 октябр. Душанбе. Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ. 300 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Тӯбҳо

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

14

9

4

1

31-8

31

2

«Равшан» (Кӯлоб)

16

7

6

3

19-14

27

3

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

15

7

4

4

18-9

25

4

«Хатлон» (Бохтар)

15

6

6

3

13-7

24

5

«Файзканд» (Восеъ)

15

6

4

5

16-22

22

6

КМВА (Душанбе)

15

6

2

7

18-22

20

7

«Истаравшан» (Истаравшан)

16

5

4

7

21-17

19

8

«Эсхата» (Хуҷанд)

15

4

3

8

17-26

15

9

«Равшан» (Зафаробод)

16

3

6

7

17-33

15

10

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

15

3

1

11

11-23

10

Нишонзанҳо: Шервонӣ Мабатшоев («Истиқлол») – 10 тӯб. Дилшод Бозоров («Эсхата») – 9 тӯб, Манучеҳр Ҷалилов (“Истиқлол”) – 8 тӯб.

Бозии мавқуфгузоштаи даври 4-ум

5 октябр (чоршанбе)

Оғози бозӣ соати 15:30

«Эсхата» – «Истиқлол»

Даври 17-ум

8 октябр (шанбе)

Оғози бозиҳо соати 15:30

«Регар-ТадАЗ» – КМВА

«Хатлон» – «Истаравшан»

9 октябр (якшанбе)

Оғози бозиҳо соати 15:30

«Равшан» (Зафаробод) – «Хуҷанд»

«Файзканд» – «Эсхата»

10 октябр (душанбе)

Оғози бозӣ соати 15:00

«Истиқлол» – «Равшан» (Кӯлоб)

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG