Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барандагони ҷоизаҳои Мавзуна Чориева маълум шуданд


Tajikistan,Dushanbe city, Mavzuna Chorieva Boxing Cup in Dushanbe city.
Tajikistan,Dushanbe city, Mavzuna Chorieva Boxing Cup in Dushanbe city.

Аз 27-уми сентябр то 2-юми октябр дар шаҳри Кӯлоб мусобиқаи бози ҷумҳуриявӣ оид ба бокс барои дарёфти ҷоизаҳои Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии соли 2012 дар Лондон, баргузор шуд.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар мусобиқаи имсола, ки аз рӯи 13 вазн миёни мардон ва 12 вазн миёни занон сурат гирифт, варзишгарон аз минтақаҳои кишвар, инчунин аз Узбекистон ширкат карданд.

Дар рақобатҳо миёни мардон дар шаш вазн варзишгарони дастаи Хатлон-2, дар чор вазн муштзанҳои Душанбе, дар ду вазн варзишгарони тими Хатлон-1 ва дар як вазн намояндаи Узбекистон ғолиб шуданд.

Миёни занон бошад, дар шаш вазн намояндагони Узбекистон, дар панҷ вазн варзишгарони Душанбе, дар як вазн узви тими Хатлон-2 пирӯз гардиданд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи дуюми ҷумҳуриявӣ оид ба бокс барои ҷоизаҳои барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии Лондон-2012 Мавзуна Чориева:

Занон


-48 кг
1. Маржона САВРИЕВА (Узбекистон)
2. Сумила САФАРЗОДА (Хатлон-2)
3. Идимои САИДҚУЛ (Хатлон-1)
3. Мадина ЛАШКАРОВА (Душанбе)

-50 кг
1. Сабина БОБОҚУЛОВА (Узбекистон)
2. Руҳафзо ҲАҚНАЗАРОВА (Душанбе)
3. Судобаи САФАРМАД (Хатлон-2)
3. Ҷонона ФОЗИЛОВА (Душанбе)

-52 кг
1. Шаҳина НЕЪМАТОВА (Узбекистон)
2. Ҳусния ХОЛОВА (Хатлон-2)

-54 кг
1. Фирӯза ШАРИПОВА (Узбекистон)
2. Нигора ОЛИМОВА (Душанбе)
3. Анварбӣ ИСОЕВА (Душанбе)
3. Сабрин МИРЗОЕВА (Хатлон-2)

-57 кг
1. Миҷгона САМАДОВА (Душанбе)
2. Зилола ҚОДИРОВА (Узбекистон)
3. Ҳадиса ҚУРБОНОВА (Хатлон-1)
3. Дилнозаи АКБАР (Хатлон-2)

-60 кг
1. Шоира ЗУЛҚАЙНАРОВА (Душанбе)
2. Бибинишаста ХОЛОВА (Хатлон-2)
3. Маҳралоим САВРИДДИНОВА (Узбекистон)
3. Наргис АШУРОВА (Душанбе)

-63 кг
1. Зиёда ЯРШАЕВА (Узбекистон)
2. Мавлуда АБДУЛЛОЗОДА (Душанбе)
3. Меҳрангез АШУРОВА (Хатлон-2)
3. Хадима БОБОЕВА (Душанбе-1)

-66 кг
1. Нилуфар БОБОЁРОВА (Душанбе-1)
2. Малика САИДОВА (Хатлон-2)
3. Нигина ҲОФИЗОВА (Душанбе)
3. Нодира КАРИМОВА (Хатлон-1)

-70 кг
1. Фариза ШОЙМУРОДОВА (Душанбе)
2. Раҳмиямоҳ САРИЕВА (Хатлон-2)
3. Мавлуда ОДИНАЕВА (Душанбе-2)
3. Адибаи САФАР (Хатлон-2)

-75 кг
1. Азиза БЕРДИЕВА (Душанбе-1)
2. Оминаи АБДУҚАЮМ (Хатлон-2)
3. Фариза ҚУРБОНОВА (Душанбе)
3. Фаридамоҳ ДАВЛАТОВА (Хатлон-1)

-81 кг
1. Меҳриноз МУЗАФФАРЗОДА (Хатлон-2)
2. Севгера АБДУҚАЮМОВА (Узбекистон)
3. Амина ИСОЕВА (Душанбе-1)
3. Манижа САФАРОВА (Хатлон-1)

+81 кг
1. Манижа РУСТАМОВА (Узбекистон)
2. Нозанин ФОЗИЛОВА (Душанбе-1)
3. Мадина ҒАФУРОВА (Душанбе-2)
3. Руҳафзо МИРЗОАЛИЗОДА (Хатлон-2)

Мардҳо

-48 кг
1. Бобоҷон МЕНИҚУЛОВ (Хатлон-2)
2. Алишер МИРЗОХОНОВ (Хатлон-2)
3. Машҳур ҲАСАНОВ (Душанбе-1)
3. Бахтоваршо ДИЛБАРОВ (Душанбе-2)

-51 кг
1. Суҳроб САФАРЗОДА (Хатлон-2)
2. Меҳроб ҲАМИДОВ (Душанбе-1)
3. Аслам ИСЛОМОВ (Хатлон-2)
3. Нисом ҲАМИДОВ (Душанбе-2)

-54 кг
1. Эмомалӣ РАҲМОН (Хатлон-2)
2. Қурбон ТАБАРОВ (Хатлон-2)
3. Воҳид КОРУБОЕВ (Хатлон-1)
3. Ардашер НАСРИДДИНЗОДА (Душанбе-1)

-57 кг
1. Аминҷон САЙДАЛИЕВ (Душанбе-1)
2. Ворис МАҲМУДОВ (Душанбе-2)
3. Шаҳром ҲАСАНОВ (Хатлон-2)
3. Комил МАҲМАДШОЕВ (Хатлон-2)

-60 кг
1. Баҳриддини ЗИЁВУДДИН (Хатлон-2)
2. Абубакр ШАРИПОВ (Душанбе)
3. Ромиш ҚУРБОНЗОДА (Хатлон-2)
3. Абубакр РАҲИМОВ (Душанбе-2)

-63.5 кг
1. Некрӯз ҒАЙБУЛЛОЕВ (Хатлон-1)
2. Давлатшо РАҲМАТОВ (Хатлон-2)
3. Адиб ОҚИЛБЕКОВ (ВМКБ)
3. Фозилбек АБДУЛҲАМИДОВ (Узбекистон)

-67 кг
1. Лазизбек ФАТОЕВ (Узбекистон)
2. Суҳроб НАЗАРОВ (Хатлон-2)
3. Расул АҲАДОВ (Душанбе-1)
3. Меҳроб ДАВЛАТОВ (Хатлон-2)

-71 кг
1. Амирҷон НАЗАРОВ (Хатлон-2)
2. Ҷавоҳир АБДУРАҲИМОВ (Узбекистон)
3. Саидикром АМОНОВ (Душанбе-1)
3. Орифҷони ҒАФФОР (Хатлон-2)

-75 кг
1. Алиҷон САГИЗОВ (Хатлон-2)
2. Меҳроб ИСМАТУЛЛОЗОДА (Хатлон-1)
3. Амирҷон АШУРОВ (Хатлон-2)
3. Азиз ФАЙЗОВ (Душанбе-1)

-80 кг
1. Орифҷон АЗИМОВ (Хатлон-1)
2. Муҳсин НАБОТЗОДА (Хатлон-1)
3. Аслиддин ДАВЛАТОВ (Душанбе)
3. Суннатулло ЮНУСЗОДА (Хатлон-2)

-86 кг
1. Қамар ШАРИПОВ (Душанбе)
2. Шукрулло ШАРИПОВ (Хатлон-2)
3. Насим ҚОДИРОВ (Хатлон-2)
3. Ҷаҳонгири БОБОҶОН (Хатлон-1)

-92 кг
1. Баҳманд РАСУЛОВ (Душанбе)
2. Шаҳром ЁРМАТОВ (Хатлон-2)
3. Баҳодур БОЕВ (Хатлон-1)
3. Некрӯз ХАЛИФАЕВ (Хатлон-2)

+92 кг
1. Муҳаммад АБРОРИДДИНОВ (Душанбе)
2. Умед НОСИРОВ (Хатлон-2)
3. Парвизи САИД (Хатлон-2)
3. Комрон ЗОКИРОВ (Душанбе)

Мавзуна Чориева 1-уми октябри соли 1992 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Ба бокс аз ҳафтсолагӣ машғул шудааст. Соли 2014 Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, баъдан Академияи Вазорати Корҳои дохилии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди президенти Тоҷикистонро хатм кардааст. Соли 2016 фаъолияти варзишиашро анҷом дод. Аз соли 2017 то 2021 мудири Шуъбаи варзиш ва омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва аз январи соли 2022 мудири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ҳамзамон раиси Ташкилоти “Олимпичиёни Тоҷикистон” (аз соли 2016) мебошад.

Мавзуна Чориева соли 2012 дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Лондон дар намуди бокс (вазни -60 кг) барандаи медали биринҷӣ шуд. Ӯ ҳамчунин медали биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон (2012, Синхуандаои Чин), медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии қаҳрамонии Осиёро сазовор гардидааст.

Бо Фармони президенти Тоҷикистон соли 2012 бо мукофоти давлатӣ - Ордени Шараф дараҷаи II сарфароз гардидааст. Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон мебошад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG