Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду имтиёзи дигар ба "Мармарӣ". Сирри саховати ҳукумат ба ин ширкат дар чист?


Ҳангоми ифтитоҳи яке аз корхонаҳои "Мармарӣ"
Ҳангоми ифтитоҳи яке аз корхонаҳои "Мармарӣ"

Ҳукумати Тоҷикистон "Мармарӣ", ширкати азими чорво ва парандапарвариро дар ҷануби Тоҷикистон, барои овардани 140 номгӯй молу маҳсулот аз хориҷа аз пардохти боҷи гумрукӣ ва молиёт (андоз) озод кард. Қарор таҳти рақами 442 содир шудааст. Радиои Озодӣ онро рӯзи 2-юми октябр дастрас кард. Мақомот тақдими имтиёзҳоро пуштибонӣ аз ширкатҳои ватанӣ мегӯянд, дигарон аз нобаробарӣ шикоят доранд.

Аз трактор то тухми рапс

Дар як соли охир бори дувум аст, ки ширкати "Мармарӣ" аз ҳукумат имтиёз мегирад. Соли гузашта ширкатро барои ҳафт сол аз пардохти андозҳо пурра озод карда буданд. Бо қарори нави ҳукумат, "Мармарӣ" ҳақ дорад, 140 номгӯй молу маҳсулот, таҷҳизот, дору ва тухмиҳои кишоварзиро бе пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз ё молиёт ба кишвар биорад.

Мувофиқи феҳрасти ҳукумат, "Мармарӣ" метавонад, аз ҷумла 40 трактор, 40 комбайн, 20 мошини борбар, 10 мошини обкашон, 120 ҳазор тонна пунба, ним миллион тонна хӯроки мурғ, 450 ҳазор тонна тухми зағер, 540 ҳазор тонна тухми рапсро бе ҳеч гуна пардохтҳо ба буҷет ба кишвар ворид кунад.

Дар ин санад миқдори пуле, ки буҷети кишвар аз ин қарори "саховатмандона"-и ҳукумат ба ширкати хусусии "Мармарӣ" бой медиҳад, зикр нашудааст. Ба арзёбии чанде аз брокерони гумрук, ки бо ин феҳраст шинос шуданд, боҷи гумрук ва андози ин миқдор молу таҷҳизот беш аз 20 миллион сомонӣ буда метавонад.

Сабукиҳо ба "Мармарӣ" аз баҳри чист?

Ин гуна имтиёзҳо ширкатро дар баробари рақибонаш дар бозори дохилӣ, ки вазифадоранд, андоз бидиҳанд, дар мақоми истисноӣ қарор медиҳад. Тибқи шартнома бо ҳукумат, моликони ширкати "Мармарӣ" аз пардохти

  • андоз аз фоида;
  • андоз аз истифодабарандагони роҳҳои мошингард;
  • андози замин;
  • андоз аз арзиши иловашуда дар раванди истеҳсол (кор ва хидматрасонӣ) ва таҳвили маҳсулот дар ҳудуди Тоҷикистон низ озод карда шудаанд.

Дар иваз ширкати "Мармарӣ" вазифадор шудааст, бо харҷи 25 миллион доллар шумораи говҳоро дар фермае дар ноҳияи Ёвон ба 3500 сар расонида, дар як сол 20 ҳазор тонна хӯроки чорво истеҳсол кунад. Дар маҷмааи парандапарварии ноҳияи Данғара аз 2,7 миллион паранда дар як сол 5 ҳазору 86 тонна гӯшти мурғ омода намояд.

Кандукови Радиои Озодӣ нишон дод, ки ин ширкатро шахсони наздик ба Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари президенти Тоҷикистон, роҳбарӣ мекунанд. Мақомот дар ин маврид ҳеч ишорае накардаанд.

Ҳангоми ифтитоҳи фермаи чорвопарварии "Мармарӣ" дар Ёвон, коргоҳи мурғпарварӣ дар Данғара ва забҳгоҳи он дар Душанбе низ шахсан раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва писараш Рустами Эмомалӣ иштирок доштанд. Дар ин маросим Мирзо Муҳаммад Файзуллозода, молики ширкати азими дигар, "Авесто Гурӯҳ", дида мешавад.

Ҳимоят аз "худиҳо"?

Дар ҳоле ки соҳибкорон ва моликони ширкатҳои дигар аз сарбории гарони андоз шикоят мекунанд, дар Тоҷикистон ширкатҳои наздик ба ҳукумат имтиёз мегиранд ва аз пардохти андозу боҷҳои гумрукӣ озод мешаванд.

Аз ҷумла, моҳи марти соли 2019 Маҷлиси Намояндагон бо пешниҳоди ҳукумат созишномаеро тасвиб кард, ки тибқи он ширкати хусусии "Амирӣ" ба муддати 10 сол аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ озод шуд. Мувофиқи санадҳое, ки он замон дастраси Радиои Озодӣ шуд, ин ширкат ба Давлатов Зарифбек Шарифович тааллуқ дорад. Дар гузашта чанде аз пойгоҳҳои хабарӣ, аз ҷумла eurasianet.org ва нашрияи "Аргументы и факты"-и чопи Маскав ӯро яке аз домодҳои раиси ҷумҳури Тоҷикистон муаррифӣ кардаанд.

Пеш аз ин, чанде аз ширкатҳои муштараки Тоҷикистону Чин аз имтиёзҳои андозӣ бархурдор шуда буданд. Тоҷикистон ширкатҳои “Ҳуаксин Ғаюр Семент” ва “Ҳуаксин Ғаюр Индастриал”-ро, ки ба Акбар Ғуломов, писари муовини нахуствазири собиқ Асадулло Ғуломов мутааллиқ аст, низ аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ озод карда буд.

Коршиносон мегӯянд, давлат барои ҳамаи ширкатҳо бояд "қоидаи ягонаи бозӣ”-ро муайян кунад ва набояд ширкатҳои алоҳида аз имтиёзи андозӣ бархӯрдор гашта, дигарон зери бори андоз қомат хам бикунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG