Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷойи модарро касе намегирад". ВИДЕО


"Ҷойи модарро касе намегирад"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:19 0:00

Катеринаи 13-cола ва Юлияи 8-сола, ду духтари украинӣ, дар ҳамлаи мушакии Русия модарашонро аз даст доданд. Пойи чапи Катерина захмӣ шуд, ҷарроҳӣ карданд, аммо ҳанӯз мелангад.

Катерина ҳамроҳи хонавода мехостанд, рӯзи 8-уми апрел ба ҷойи амн бикӯчанд. Ҳамроҳи модараш барои нӯшидани чой аз истгоҳи роҳи оҳани Краматорск берун баромаданд. Холаву хоҳараш дар дохил монданд. Кӯдакон дар бораи ҳодиса зиёд суҳбат кардан намехоҳанд. Гоҳо ёд меоранд, ки таркиш рух дод ва замоне ба ҳуш омаданд, ки модарашон ба хун олуда аст ва дигар нафас намекашад.

Нина, бибии Катерина, мегӯяд, ҳолати равонии набераҳояш хуб нест. “Қадаш 155 сантиметр аст, вазнаш 34 килограм. Ин хеле бад аст. Ба сабаби фишори рӯҳӣ вазнаш рӯз аз рӯз кам мешавад. Ман намедонам, кӣ метавонад ба ӯ кӯмак кунад. Мо ӯро табобат кардем. Дуруст аст, ҷойи модарро касе гирифта наметавонад”,--мегӯяд ӯ.

Юлия ҳануз ҳодисаро пурра дарк накардааст. Аммо бибиаш мегӯяд, ӯ аз танҳоӣ ва садоҳои баланд метарсад. “Баъди ҳамлаи мушакӣ дар Краматорск, шаби аввал Юлия ҳамроҳи ман монда буд. Вай дод мезад, ки “ман инҷо хоб намекунам!” Ҳамсоя аз ошёнаи 9-ум он шаб чӣ коре мекард. Юлия гуфт, “ин садо ба наздик шудани мушак монанд аст. Ман намехоҳам инро шунавам!”.

Марина, модари духтарон намехост, ки он рӯз ба истгоҳи роҳи оҳан равад. Аммо модараш, Нина Николаевна талаб кардааст, ки онҳо ба ҷои амн бикӯчанд.

Ӯ гуфт: “Ман ҳам гунаҳкорам. Агар ба ӯ мегуфтам, ки нарав, намерафт. Пеш аз рафтан аз ӯ пурсидам, ки шояд инҷо бимонед? Ӯ гуфт, охир худат гуфтӣ, ки бояд ҷони духтаронро наҷот диҳам, пас ман меравам. Акнун ҳар вақт назди қабраш рафта аз ӯ бахшиш мепурсам ва мепурсам, ки чӣ кор кунам?”

Марина 38 сол дошт ва духтаронашро ба танҳоӣ бузург мекард. Феълан духтарон зери парастории холаашон қарор доранд. Онҳо дар як хонаи иҷора дар Киев зиндагӣ мекунанд. Маблағашон танҳо барои ду моҳи дигар мерасад. Намедонанд, чӣ гуна зиндагиашонро пеш баранд. Баргаштан ба Донетск хавф дорад ва ҳам духтарон намехоҳанд ба хонаашон баргарданд.

Дар натиҷаи ҳамла ба истгоҳи роҳи оҳани Краматорск 60 нафар кушта шуда буд, ки яке аз онҳо модари ин ду духтари наврас буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG