Аммо баъдан раванди баръакси он мушоҳида шуд ва рӯзҳои ахир 100 доллари амрикоӣ ба 970-980 сомонӣ баробар шудааст, ки тахминан 30 дарсадро ташкил медиҳад. Иқтисоддонҳо раванди поинравии қурби доллари амрикоӣ дар Тоҷикистонро ба чанд омил рабт медиҳанд, аз ҷумла ба роҳ андохтани тиҷорати миёни Тоҷикистону Русия бо рубли русӣ, ки баррасии ин муомилаҳоро бо Русия қаблан вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳам хабар дода буд.
Вале феълан маълум нест, ки то куҷо воқеан ҳам ду кишвар чунин муомилаҳоро шурӯъ кардаанд ё на, чун ҳеҷ як ниҳоди молӣ ҳанӯз дар ин бора назаре надодааст.
Баҳром Шарипов, таҳлилгари масоили бонкдорӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, муомилаҳо бо рубли русиро Русия тақозо мекунад, ки аз моҳи феврал ба ин сӯ ҷанги беасосеро бо Украина шурӯъ кард ва дар пай мавриди таҳримҳои сахти ғарбӣ қарор гирифт. Шарипов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 30 сентябр гуфт:
“Дар Бонки марказии Русия аз нуқтаи назари хариду фуруши газ маҳдудиятҳое ҷорӣ шуд ва худи Русия ҳам барои фурӯши газ талаб карда истодааст, ки ба воситаи пули русӣ пардохт кунанд. Ин ҳолат ба он оварда расонд, ки қадри доллар дар минтақаи давлатҳои пасошӯравӣ пасттар рафтааст”.
Рӯзҳое, ки қурби доллари амрикоӣ ба 1300 сомонӣ барои 100 боло рафта буд, доллар дар бонкҳои Тоҷикистон камчин шуда ва ҳамчунин ба муштариён дар ҳаҷми маҳдуд дода мешуд. Он замон нархи аксари маҳсулоти ниёзи аввалияи воридотӣ, аз ҷумла орду равғану шакар, ки аз Русия зиёд ворид мешаванд, ба маротиб боло рафт.
Ҳама гуна тағйирот дар қурби асъор дар нарху навори маҳсулоти хӯрокворӣ дар бозорҳои Тоҷикистон инъикос мешавад. Рӯзҳои охир тоҷирон аз як кам поин омадани нархи маҳсулот хабар медиҳанд. Аз ҷумла, Саидҷаъфар Салимов, тоҷире дар бозори “Меҳргон”-и Душанбе мегӯяд: “Пештар 50 кг орд 340 то 360 сомонӣ буд, ҳоло 320-315 сомонӣ аст. 5 литр равған 130-125 сомонӣ буд, ҳоло 97 сомонӣ. Хеле арзонӣ шудааст. Шакар ҳозир 9,50 сомонӣ аст, пеш 12-13 сомонӣ буд”.
Бархе харидорон аз поин рафтани нархҳои бархе маҳсулот, асосан воридотӣ истиқбол мекунанд, вале харидорони дигар мегӯянд, чунин коҳиш хоси ҳама навъи маҳсулот нест. Маҳмудҷон Неъматов, як сокини шаҳри Душанбе баъди дидани нархҳои бозор гуфт: “Баъзе маҳсулот арзон шуд, лекин мева қиммат.
Маҳсулоти мурғӣ ҳам қиммат. Мегӯянд, арзон шуд, не ҳоло ҳам қиммат. Фақат ҳамин равған арзон шудааст. 130 сомонӣ буд, пештар ҳоло 97 сомонӣ. Албатта ҳоло нархҳо дар осмон”. Маъмулан бозорҳои Тоҷикистон ба болоравии қурби доллари амрикоӣ вокуниши сареъ дода, нархҳо баланд мешавад. Сокинон мегӯянд, дар сурати поин шудани қурби доллар нархҳо хеле бо оҳистагӣ поин мераванд ва бархе маврид дар ҳамон сатҳи пешина боқӣ мемонад.
Гуфтугӯ