Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинон аз зарбаи мушакӣ ва захмӣ шудани як нафар дар Чоркӯҳ хабар доданд


Исфара, марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Исфара, марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Сокинони деҳаи Сомониён дар ҷамоати Чоркӯҳи Исфара, ҳаммарз бо Бодканди Қирғизистон, гуфтанд, ки рӯзи 26-уми сентябр бар асари зарбаи мушакӣ як нафар захмӣ шудааст.

Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон ҳанӯз ҳодисаро шарҳ надодаанд. Сокинони деҳаи Сомониён мегӯянд, "аз тарафи Қирғизистон се мушак омад."

Хадамоти марзбонии Қирғизистон шаби 25-уми сентябр вазъро дар сарҳад бо Тоҷикистон муътадил арзёбӣ карда буд, вале дар бораи ҳодисаи рӯзи душанбе ҳанӯз чизе нагуфтааст. Дар гузашта ду тараф якдигарро барои таҳрик додану тирпаронӣ гунаҳкор кардаанд.

Се ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар деҳаи Сомониён гуфтанд, мушакҳо соати даҳи рӯзи душанбе афтоданд. "Бахтиёр, писари омӯзгор Олимҷон Орифов, захмӣ шуд ва ӯро ба шифохона бурданд," – гуфт яке аз мусоҳибони мо.

Ба нақли ӯ, мушак замоне партоб шудааст, ки "мардуми Чоркӯҳ барои ба тартиб овардани мавзеъҳои зарардида ҷамъ омада буданд."

Вай гуфт, "се рӯз боз дар маҳаллаи Сомониён ҳашар идома дошт ва баъди мушакпаронӣ мардум пароканда шуданд."

Манбаи дигар дар мақомоти вилояти Суғд низ мушакпарониро тасдиқ кард, вале тафсилот надод. "Ҳоло низомиён ва маъмурони милиса ба ҷои ҳодиса рафта, пайи баррасии воқеа ҳастанд. Ҳашарчиёнро муваққатан аз минтақа берун бурданд," – афзуд ӯ.

Ҳодиса пас аз он рӯй дод, ки Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 25-уми сентябр санади қатъи муноқишаро дар марз имзо карда, барои бардоштани ҳашт посгоҳи ба гуфтаашон "дардисарсоз" аз ду тараф розӣ шудаанд.

Ҳамчунин, ҷонибҳо созиш кардаанд, ки дар қитъаҳои марзие, ки бештари вақт низоъ онҷо рух медиҳад, дурбинҳои назоратӣ насб кунанд.

  • Қирғизистону Тоҷикистон тақрибан 1000 километр марз доранд ва баъди ба даст овардани истиқлол дар солҳои 90-ум то кунун натавонистаанд, садҳо километри онро таъйину аломатгузорӣ кунанд.
  • Афзоиши аҳолӣ, кам шудани манобеи табиӣ ба мисли обу чарогоҳу замин сабаби аслии муноқиша дар марз бахусус вилояти Суғду Бодканд аст. Ҳар сол мардуми рустоҳои марзӣ барои обу чарогоҳу замин баҳсу даъво мекунанду гиребони ҳамро мегиранд ва ин даъвоҳо гоҳо ба хунрезӣ мепечад.
  • Дар даргириҳои 14-17-уми сентябри имсол аз ду тараф даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд. Тоҷикистону Қирғизистон якдигарро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG