Маскав дар талоши ин аст, ки қаламравҳои ғасбкардаашро дар ҳуҷуми номуваффақонааш алайҳи Украина истифода кунад. Мақомоти аз ҷониби Маскав ҳимояшавандаи Луҳанск, Донетск, Херсон ва Запорожя дар авҷи идомаёбии ҷанги беасоси Русия алайҳи Украина ҳамапурсиеро ба роҳ мондаанд, ки аз назари қонунҳои байналмилалӣ ва ҳам муқаррароти СММ ғайриқонунӣ ба ҳисоб меравад. Ин ҷанги азимтарин дар Аврупо дар даҳсолаҳои ахир ба шумор меравад.
Володимир Зеленский, президенти Украина гуфт, ки овоздиҳии мазкур сохтакоришуда ва ғайридемократӣ мебошад.
Дар як эълони аз пеш барномарезиношудае маъмурияти аз ҷониби Маскав таъиншуда рӯзи 20-уми сентябр хабар доданд, ки дар минтақаҳои ишғолшуда рӯзҳои 23 то 27-уми сентябр ба истилоҳ овоздиҳӣ барпо мекунанд. Украина ва давлатҳои ғарбӣ гуфтанд, ки натиҷаҳои онро ҳеҷ гоҳ эътироф нахоҳанд кард.
Ин дар ҳолест, ки низомиёни украинӣ барои барқарор кардани назорат дар ин минтақаҳо муборизаро идома медиҳанд ва то ҳол тавонистанд қаламравҳои зиёдеро аз дасти Русия озод кунанд.
Мақомоти ғарбӣ ва коршиносон мегӯянд, ки нақшаи Путин ин аст, ки бо истифода аз референдуми тақаллубӣ Русия мехоҳад баъдан иддао кунад, ки Украина қаламравҳои онро ишғол карданӣ аст ва барои ҳимоят аз худ бо истифодаи силоҳи ҳастаӣ таҳдид мекунад. Ин амалаш Киев ва ҳомиёни ғарбиашро аз идомаи амалиёти низомӣ дар ҳарос мегузорад.
Чанде пеш Путин гуфт, ки бо ҳама гуан силоҳҳо ба таҳдид ба тамомияти қаламравҳояш посух хоҳад дод.
Котиби давлатии Амрико Энтони Блинкен рӯзи 22 сентябр аз аъзои Шӯрои амнияти СММ хост, ки “таҳдидҳои беандешонаи ҳастаӣ бояд билофосила бас шаванд”. Ӯ талошҳои ишғоли қаламравҳои бештари украиниро “тавсеаи дигари хатарнок ва ҳам худдорӣ аз роҳи дипломатӣ” номид.
Русия то ҳол ба чандин амале дар хоки Украина даст задааст, ки ғайриқонунӣ мебошанд.
Ба ҳисоби манобеи ғарбӣ, Маскав 1,6 миллион украиниро аз минтақаҳои украинӣ ихроҷ карда, шаҳрвандони Русияро ба қаламравҳои Украина интиқол медиҳад.
Ба қавли коршиносон, инчунин садҳо ҳазор маълумоти шиносномаҳои хусусиву биометрии украиниҳоро ҳам ба хотири истифода дар сохтакории натиҷаҳои
овоздиҳӣ истифода карда метавонад. Барои ширкат дар овоздиҳии сохтакоришуда украиниҳои минтақаҳои ишғолшударо, ки дар Русия қарор доранд, истифода хоҳанд кард.
Николай Булаев, муовини раиси Комиссиюни марказии интихоботҳои Русия гуфт, ки интизор дорад, “садҳо ҳазор” украиниҳои дар Русия қарордошта дар ин овоздиҳии сохта иштирок мекунанд.
Русия таҷрибаи хеле ками ташкили интихоботҳои озоду одилонаро дорад ва нозирони байналмилалии интихоботӣ тарс додани овоздиҳандаҳо, тақаллуб ва ҳам тақаллубкориҳо бо истифода аз матбуотро қайд кардаанд.
Нашрияи “Коммерсант” навишт, ки ҳеҷ пойгоҳи иттилоотии марказонидашудае дар бораи шумори нуқтаҳои овоздиҳӣ вуҷуд надорад, ки барои украиниҳо дар Русия боз шуда бошанд.
Блинкен аз ҳар як узви СММ тақозо кард, ки “референдуми сохтакоришударо эътироф накунанд ва бо як садо эълон кунанд, ки тамоми қаламравҳои украинӣ бахше аз Украина дониста мешавад”.
Ӯ гуфт, ки новобаста аз натиҷаи овоздиҳӣ, ИМА Украинаро ҳамаҷониба ҳимоят хоҳад кард.
Гуфтугӯ