Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди бекор кардани шаҳрвандии Русия ба зодагони ОМ дар сурати фирор аз артиш


Кирилл Кабанов дуюм аз чап
Кирилл Кабанов дуюм аз чап

Як мақомдори рус пешниҳод кардааст, ки барои саркашӣ аз хизмат дар артиш ва ҷанги Украина муҳоҷирони соҳиби шиносномаи русиро аз шаҳрвандӣ маҳрум кунанд. Кирилл Кабанов, узви Шӯрои ҳуқуқи башари назди президенти Русия гуфтааст, муҳоҷироне, ки на камтар аз 10 сол боз шаҳрвандии Русияро доранд ва намехоҳанд дар амалиёти ҷангии ин кишвар ширкат кунанд, бояд бо аҳли оилаашон аз шаҳрвандӣ маҳрум карда шаванд.

Даъвати бекор кардани шаҳрвандии муҳоҷирон барои саркашӣ аз хизмат баъди он садо дод, ки мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон ва Узбекистон ахиран ба шаҳрвандонашон дар Русия ҳушдод доданд, ки дар ҷангҳои хориҷӣ ширкат накунанд.

Мақомоти Русия ба муҳоҷирон ваъда доданд, ки дар ивази хидмат дар артиши Русия метавонанд ба таври осон соҳиби шиноснома шаванд. Аммо мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, шаҳрвандонашонро огоҳ карданд, ки ширкат дар амалиёти ҷангии кишвари дигар ҷиноят аст.

XS
SM
MD
LG