Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии мунтахаби Тоҷикистон бо Тринидад ва Тобаго дар "King’s Cup 2022" дар Тайланд


Тамрини дастаи мунтахаб
Тамрини дастаи мунтахаб

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар нимфинали мусобиқаи байналмилалии "Kings Cup 2022" ("Ҷоми Шоҳ-2022") имрӯз, 22-юми сентябр, дар шаҳри Чиангмайи Тайланд бо тими миллии Тринидад ва Тобаго бозӣ мекунад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин бозӣ дар варзишгоҳи «The 700th Anniversary of Chiang Mai» соати 17:30 ба вақти маҳаллӣ (15:30 – ба вақти Душанбе) оғоз меёбад.

Бозии дигари нимфиналии "King’s Cup 2022" имрӯз, 22-юми сентябр, миёни дастаҳои мунтахаби Тайланд ва Малайзия сурат мегирад.

Бар асоси дастури мусобиқа, ғолибони нимфинал рӯзи якшанбеи 25-уми сентябр дар финал рақобат мекунанд, дастаҳои мағлубшуда барои медалҳои биринҷӣ мубориза хоҳанд бурд.

Петр Сегрт, сармураббии мунтахаби Тоҷикистон, ба сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон, гуфтааст, ки даста ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 мунтазам омодагӣ мебинад.

– Мо ҳамаи дастаҳоеро, ки дар «King’s Cup 2022» иштирок мекунанд, омухтем. Тринидад ва Тобаго, агар аз рӯи рейтинги ФИФА баҳо диҳем, дастаи аз ҳама қавӣ дар ин мусобиқа мебошад. Мо мехоҳем, ки бозии хуб нишон диҳем. Аммо феълан на ҳамаи бозигарон дар ихтиёри дастаи мунтахаб ҳастанд. Бо сабабҳои мухталифи узрнок ба Тайланд пешсафони дастаи мо - Манучеҳр Ҷалилов, Алишер Ҷалилов ва Парвизҷон Умарбоев - омада натавонистанд.

Аҳтам Назаров, капитан ё сартими мунтахаби Тоҷикистон, гуфт, «King’s Cup 2022» мусобиқаи бонуфуз аст. Рақиби мо дар нимфинал Тринидад ва Тобаго дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон-2006 иштирок кардааст. Тайланд ва Малайзия бошанд, ба мисли мо соли оянда дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё ширкат меварзанд. Мо дар Чиангмай ду бозӣ анҷом медиҳем. Бовар дорам, ки ин бозиҳо барои мо хеле муфид хоҳад шуд.»

Тринидад ва Тобаго кишварест дар Амрикои Шимолӣ, ки зӯртарин мунтахаби минтақаи Кариб ба шумор меравад. Ҳашт бор Ҷоми Карибро ба даст овардааст. Тринидад ва Тобаго дар ҳамин ҳол дар радабандии FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) аз мунтахаби Тоҷикистон ҳашт зина боло ҷойгир шуда, дар зинаи 101-ум қарор дорад.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалии «Kings Cup 2022» («Ҷоми Шоҳ-2022») дар Тайланд:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Хуҷанд»);

Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов («Персеполис», Эрон), Манучеҳр Сафаров («Локомотив», Узбекистан), Зоир Ҷӯрабоев («Сурхон, Узбекистон), Меҳрубон Каримов («Динамо-Авто», Молдова), Аҳтам Назаров, Сиёвуш Асроров, Табрез Исломов, Алиҷон Кароматуллозода, Далер Имомназаров (ҳама аз «Истиқлол»);

Нимҳимоятгарон: Эҳсони Панҷшанбе («Зоб Оҳан», Эрон), Амирбек Ҷӯрабоев («Юнайтед Сити», Филиппин), Комрон Турсунов («ТРАУ», Ҳиндустон), Ҳамадонӣ Камолов («Паракуэлос Антамира», Испания), Муҳаммадҷон Раҳимов, Парвиз Боқӣ-Охунов (ҳарду аз «Истиқлол»);

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Ислоч», Беларус), Рустам Соиров («Левадия», Эстония), Шервонӣ Мабатшоев («Истиқлол»), Нуриддин Ҳамроқулов («Хатлон»).

Сармураббӣ – Петр Сегрт (Хорватия).

Мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022»

Нимфинал

22 сентябр (панҷшанбе)

15:30 – Тринидад ва Тобаго – Тоҷикистон

18:30 – Тайланд – Малайзия​

25 сентябр (якшанбе)

15:30 – Бозӣ барои ҷойи сеюм

18:30 – Финал

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG