Сокинони деҳаи Чорқишлоқ ин шабу рӯз осори харобиҳои муноқишаи 14-17-уми сентябрро пок мекунанд, то дубора ба зиндагии маъмулии худ баргарданд.
Дар ин деҳаи ноҳияи Исфара, ки дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон ҷойгир аст, даҳҳо манзили зист хароб шудааст. Абдуллобек Юсуфов, сокини Чорқишлоқ мегӯяд, “субҳи 14-уми сентябр ба деҳа ҳамла шуд”.
“Соати 5 - 5:30-и субҳ аз тарафи Қирғизистон ҳамла шуд. Мо гурехтем. Бачаҳоямонро гирифта гурехтем. Дар кӯчаҳо гашта намешуд, тир мезаданд. Дар 65-солагӣ бехонаву дар мондам. Чӣ кор кунам?” – гуфт Абдуллобек Юсуфов рӯзи 21-уми сентябр.
Сокинони деҳаи Чорқишлоқ дар ҷамоати Чоркӯҳ борҳо дар пайи муноқишаи марзӣ зиён дидаанд. Манзили зисти Зиёратхон Алиназарова бори чорум хароб шуд.
“Аламовараш ин аст, ки фақат шаб ё дами саҳар тир меандозанд. Замоне ки занҳову кӯдакон хобанд. Бачаҳо хеста, куҷо гурехтанро намедонанд. Боз дар интернетҳо мегӯянд, ки тоҷикҳо мезананд. Оташ-оташ, ана аҳволи хонаҳо. Тоҷик хоб буд,” – мегӯяд хонум Алиназарова.
Сокинон мегӯянд, беш аз даҳ сокини ин деҳа кушта шудааст. Мақомот ҳанӯз омори талафотро дар ин деҳа нагуфтаанд.
Бобо Акбаров, сокини Чорқишлоқ, гуфт: “Бачаҳо мурданд, кӯдакон мурданд. Хонаи маро аҳволашро бинед. Падарам маъюб аст.”
Тоҷикистону Қирғизистон ҳамдигарро дар оғози ҳамла айбдор мекунанд. Сокинон назари дигар доранд. Муҳаммадазиз Рустамов, сокини Чорқишлоқ, мегӯяд, “агар мо якум сар мекардем, зану кӯдаконамонро гирифта мегурехтем. Инҷо ҳама кӯдакону занон мурдаанд.”
Дар деҳаи Чорқишлоқ 5,5 ҳазор одам зиндагӣ мекунад. Ҳоло аксари онҳо бесарпаноҳ мондаанд.
Гуфтугӯ