Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози баррасии парвандаи Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар Душанбе 


Абдуллоҳ Ғурбатӣ се моҳ боз дар боздошт аст
Абдуллоҳ Ғурбатӣ се моҳ боз дар боздошт аст

Мурофиаи Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик, рӯзи 21-уми сентябр дар Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе оғоз хоҳад шуд. Дар ин бора вакили мудофеъ Абдураҳмон Шарипов хабар додааст.

Маълум нест, мурофиаи рӯзноманигор ба таври боз баргузор мешавад ё паси дарҳои баста. Парвандаи Абдуллоҳ Ғурбатиро барои муҳокима як моҳ пеш ба додгоҳ фиристода буданд.

Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба се иттиҳом – “таҳқири намояндаи ҳокимият, истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият ва иштирок дар фаъолияти созмонҳои мамнуъ” муттаҳам мешавад.

Ду иттиҳоми аввал ҷарима, вале иттиҳоми узвият дар созмонҳои мамнуъ аз панҷ то ҳашт сол зиндонро дар назар дорад.

Манобеи муътамад мегӯянд, Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар бозпурсиҳо ҳамаи иттиҳомҳоро рад кардааст. Абдуллоҳ Ғурбатӣ рӯзи 15-уми июни имсол аз тарафи маъмурони Додситонии ноҳияи Шоҳмансур боздошт шуд.

XS
SM
MD
LG