Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Деҳаи Овчӣ-Қалъача як рӯз баъди ҳамлаи мусаллаҳона. АКС

Баъзе аз сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар доданд, ки шоми 16-уми сентябр ва баъди эълони оташбас бар асари ҳамлаи нерӯҳои Қирғизистон "чанд нафар" дар ҷамоати Овчӣ-Қалъача "захмӣ ва ё кушта шудаанд". Шумораи дақиқи онҳо маълум нест. Шоҳидони ҳодиса теъдоди ҳалокшудагон дар назди масҷиди Овчӣ-Қалъачаро қариб 10 нафар гуфтанд. Мақомот ҳамлаи бесарнишинҳо ба масҷиди ин деҳаро тасдиқ, аммо шумораи фавтидагонро нагуфтанд. Хабарнигори Радиои Озодӣ Фарзон Муҳаммадӣ ин аксҳоро рӯзи 17-уми сентябр дар кӯчаҳои ин деҳаи ҳаммарз бо Қирғизистон бардошт. Хабарнигори Озодӣ мегӯяд, вазъият дар Овчӣ-Қалъача феълан ором аст, аммо сокинон аз тарси ҳамла камтар ба кӯча мебароянд.


Бахшҳо

XS
SM
MD
LG