Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистону Қирғизистон аз даргириҳои нав дар марз хабар доданд


Акс аз муноқишаи рӯзи 16 сентябр
Акс аз муноқишаи рӯзи 16 сентябр

Мақомоти тоҷику қирғиз мегӯянд, бо вуҷуди оташбас тирпарронӣ дар чанд нуқтаҳои марзӣ ҳамоно идома дорад. Неруҳои марзбонии Тоҷикистон гуфт, низомиёни қирғиз ба чанд дидбонгоҳи марзӣ дар шаҳри Исфара ва ноҳияи Лахш ҳамла кардаанд. Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, неруҳои Тоҷикистон мавқеи сарҳадбонони қирғизро дар чанд деҳа зери оташ гирифтанд. Тасдиқи дурустии ҳарфҳои ду тараф феълан мушкил аст.

Неруҳои марзбонии Тоҷикистон зуҳри 17-уми сентябр дар як изҳорот гуфт, “соати 11:10-и имрӯз командири қисми ҳарбии 707-и ВКД Ҷумҳурии Қирғизистон, ки дар бинои собиқ мактаби ба номи Ш. Ғании деҳаи Коктоши ноҳияи Боткен қароргоҳ дорад, бар хилофи талаботи созиши оташбас, худсарона, барои зери тирборон қарор додани дидбонгоҳи сарҳадии «Душанбе»-и Отряди сарҳадии «Исфара» ва маҳаллаи «Сомониён»-и шаҳри Исфараи Тоҷикистон бо тамоми намуди силоҳҳо амр додааст.”

Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, ҳамчунин соати 11:50-и ин рӯз неруҳои Қирғизистон бо истифодаи силоҳи вазнин ба самти дидбонгоҳи сарҳадии «Лахш» оташ кушоданд.

Дар ҳамин ҳол Неруҳои марзбонии Қирғизистон низомиёни Тоҷикистонро ба ҳамла ба самти деҳаҳои Тешик-Таш, Карамик ва Кароол-Добои вилояти Ош муттаҳам кардааст. Мақомоти қирғиз гуфтаанд, низомиёни тоҷик мавқеи сарҳадбонони ин кишварро дар ин деҳаҳо гулулаборон карданд. Пеш аз ин ба гуфтаи Неруҳои марзбонии Қирғизистон, чунин даргириҳо дар ноҳияи Лайлак ва Ботканд рух дод.

Хабарҳо дар бораи даргирии низомиёни Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳолест, ки рӯзи 16-уми сентябр ҳарду дар тараф дар бораи оташбас ба созиш расида буданд. Аммо давоми як рӯз бори чандум аст, ки мақомоти ду кишвар аз вайрон шудани созиши оташбас хабар медиҳанд.

Тибқи хабарҳои расмӣ, намояндагони ду кишвар феълан дар гузаргоҳи “Гулистон”-и Тоҷикистон гуфтугӯ доранд.

Вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи чаҳорум аст, ки печида аст. Рӯзи 14-уми сентябр дар минтақаи “Кех”-и шаҳри Исфара миёни марзбонони тоҷику қирғиз даргирӣ сар зад ва дар пайи он 2 нафар кушта ва қариб 20 нафар маҷруҳ шуданд. Рӯзи 16-уми сентябр якбора дар чанд минтақаи марзӣ даргирӣ сар зад ва соатҳо идома кард.

Мақомоти Қирғизистон дар бораи ҳалокати 24 нафар ва захмӣ шудани беш аз 100 нафар хабар доданд. Ҷониби Тоҷикистон омори фавтидагон ва маҷруҳшудагонро расман эълон накардааст. Аммо хабаргузории Ройтерс гуфт, дастикам 7 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳодисаи дирӯз кушта шуданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG