Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе қарор дар бораи даъвати ҷавонони пойтахт ба сафи неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро тасдиқ кардааст.
Бар асоси қарори мазкур аз рӯзи 7-уми октябр, мақомоти расмӣ вазифадор шудаанд, ҷавонони аз 18 то 27-соларо, ки сабабе барои таъхир дар анҷоми хидмати ҳатмии ҳарбӣ надоранд, ба сафи неруҳои мусаллаҳ, аз ҷумла неруҳои марзбонӣ, неруҳои вазорати умури дохилӣ ва Гвардияи миллӣ ҷалб кунанд.
Дар қароре, ки дар вебсайти расмии ҳукумати шаҳри Душанбе нашр шудааст, омадааст, ки даъват ба сафи неруҳои мусаллаҳ то моҳи декабр идома мекунад ва мақомот бояд то рӯзи 5-уми декабр гузориш бидиҳанд, ки чанд ҷавонро ба сафи артиш ҷалб кардаанд.
Даъват ба сафи неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамасола бо сару садо дар бораи сарпечии ҷавонон аз хидмат ба сафи артиш ва ҷалби маҷбурӣ, ё ба истилоҳи русӣ “облава” олуда мешавад. Дар ин мавсим видеоҳо гоҳо дида мешавад, ки чӣ гуна маъмурони милиса ҷавононро ба зӯр ба мошин андохта мебаранд ва занон бо доду фарёд намегузоранд, ҷавонеро маъмурони милиса баранд.
Як сабаби аслии сарпечии ҷавонон аз хидмати ҳарбии ҳатмии дусоларо дар бадрафторӣ дар сафи неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон меноманд, ки гоҳо бо маргу маъюб шудани сарбозе меанҷомад. Мақомот мегӯянд, ки солҳои ахир ин мушкил кам шудааст ва ҳар афсаре, ё сарбозе бадрафторӣ мекунад, ҷазои сазовор мегирад.
Фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар бораи оғози мавсими нави даъват ба сафи неруҳои мусаллаҳ ва ба рухсат фиристодани онҳое, ки 2 соли расо хидмат кардаанд, рӯзи 3-уми сентябр имзо шуд ва онро бояд дар тамоми ноҳияву шаҳрҳо иҷро кунанд.
Гуфтугӯ