Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Ҳамаи доварон мехостанд, ба филми Ғурбатӣ ҷоиза диҳанд.” ВИДЕО


Филми хабарнигори зиндонии тоҷик Абдуллоҳи Ғурбатӣ ҷоизаи байналмилалӣ касб кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:35 0:00

Филми хабарнигори зиндонии тоҷик Абдуллоҳи Ғурбатӣ ҷоизаи байналмилалӣ касб кард.

Филми рӯзноманигори 25-солаи тоҷик Абдулло Ғурбатӣ, ки се моҳ инҷониб бо иттиҳоми баҳсбарангез дар боздошт қарор дорад, дар ҷашнвораи байналмилалии филмҳои хурдҳаҷми синамои Байқонур (Вaiqonyr International short film festival) беҳтарин филм дар бахши “Филмҳои ҳуҷҷатӣ” номида шуд.

Озмуни ҳафтуми филмсозони ҷавони кишварҳои Муштарак-ул-Манофеъ аз 7 то 11-уми сентябр дар шаҳри Алмаато баргузор шуд. Филми “Аз ҳад калон”-и Абдулло Ғурбатӣ дар миёни 17 филми дигар дар ин ҷашнвора рақобат кардааст.

Ануар Кенҷибаев, президенти Ҷашнвораи синамои “Байқонур” рӯзи 13-уми сентябр дар як сӯҳбаташ бо Радиои Озодӣ аз Алмаато гуфт, “рӯзҳои истироҳат ҷашнвораи синамои мо натиҷагирӣ шуд ва ман мехоҳам сокинони Тоҷикистонро бо пирӯзии филми “Аз ҳад калон”-и ҳамватанатон Абдулло Ғурбатӣ табрик кунам. Ин филми бисёр самимӣ ва як филми воқеӣ аст. Ҳайати доварон бисёр мехостанд ба он ҷоиза диҳанд ва мукофотро дар бахши “Беҳтарин филми ҳуҷҷатӣ” тақдим карданд. Ман ба синамои Тоҷистон таманнои пешрафти бештар мекунам, то ки филмҳои ҷолибтар эҷод шаванд ва ин филм ҳам ҷоизаҳои зиёди байналмилалӣ гирад”.

Филми Ғурбатӣ саргузаштҳои талхи Абдураҳмон - навраси 13-солаги тоҷикеро бозгӯ мекунад, ки дар шароити сангини иҷтимоӣ ба ҷои мактабравӣ маҷбур аст аробакашӣ кунад.

Ҷоизаро дар набудани Абдулло Ғурбатӣ як намояндаи ҳайати эҷодии филм аз Тоҷикистон гирифтааст ва маъум нест, ки оё худи Ғурбатӣ, ки аз 15-уми июн бо иттиҳоми ҳамла ба корманди пулис ва ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ дар боздошт аст, дар бораи барандаи ҷоизаи ҷашнвораи Байқонур шуданаш хабар дорад ё на. Дар давоми муддати боздошташ ӯ тавассути хешовандонаш гуфтааст, ки ҳеҷ як иттиҳоми мақомотро қабул надорад ва ҳабси ӯву чанд журналисту блогери дигари тоҷик дар чор моҳи охир маҳкумияти ҷомеаи ҷаҳониро ба бор овард.

Ануар Кенҷибаев, муассиси Ҷашнвораи синамои “Байқонур” мегӯяд, аз мушкилоти Ғурбатӣ огаҳ аст ва таманно кард, ки мушкилоти коргардони ҷавон бахубӣ ҳал шаванд. Ӯ гуфт, ҷашнвораи таъсисдодаш махсус барои дастгирии қадамҳои аввали коргардону филмсозони ҷавон роҳандозӣ шудааст ва ҳам баргирифта аз номи пойгоҳи кайҳонии Байқонур дар Қазоқистон, оғозбахши муваффақиятҳои баъдии филмсозони ҷавон шуда метавонад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG