Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири ИМА ҷашни истиқлолро ба мардуми Тоҷикистон табрик гуфт


Ҷон Марк Поммершайм, сафири Амрико дар Тоҷикистон.
Ҷон Марк Поммершайм, сафири Амрико дар Тоҷикистон.

Сафири Амрико дар Душанбе дар паёме видеоӣ, ки бо забони тоҷикӣ ироа кард, мардуми Тоҷикистонро ба муносибати 31-солагии Рӯзи Истиқлоли давлатӣ табрик гуфт. Тоҷикистон 31 сол қабл, дар таърихи 9-уми сентябри соли 1991 истиқлолияти худро эълон кард.

Сафир Ҷон Марк Поммершайм дар ин паёми худ гуфт, ки кишвараш ба таври қатъӣ аз истиқлолият, тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон пуштибонӣ мекунад.

Ӯ дар идомаи паёми худ ба ҳамкориҳои ду кишвар дар арсаҳои мухталиф ишора кард. Оқои Поммершайм аз ҷумла гуфт, ки бо кӯмаки кишвараш кишоварзону соҳибкорони тоҷик тиҷорати худро рушд доданд ва бо ин роҳ ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуд, марзбонон амнияти Тоҷикистонро таъмин намуданд ва ҳазорон нафар аз донишҷӯёни тоҷик дар барномаҳои таълимӣ ва табодули дониш иштирок ва донишҳои муосири худро такмил доданд.

Сафири Амрико дар ин паём ҳамчунин ба кӯмакҳои тиббии кишвараш ба Тоҷикистон ишора кард ва афзуд, ки ИМА дар даврони пандемияи КОВИД-19 ба тоҷикистониҳо 3 миллион воя ваксина ироа кард.

"Мо аз бисёр чизҳо фахр мекунем, вале медонем, ки душвориҳои зиёде бояд бартараф карда шаванд. Ин давраи душвор барои тамоми ҷаҳон аст",-афзуд ӯ.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз аввалин кишварҳое мебошад, ки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба расмият шинохт. Соли ҷорӣ ду кишвар 30-солагии барқарории робитаҳои худро таҷлил карданд.

Сафорати ИМА гуфтааст, ки дар сӣ соли ахир ба Тоҷикистон барои таъмини амният беш аз 330 миллион доллар кумак расондааст. Дар умум кумакҳои ин кишвар ба Тоҷикистон сар аз соли 1992 то кунун беш аз 1,8 миллиард доллар будааст.

XS
SM
MD
LG