Ҳарсе бозии даври 13-уми Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2022 бо пирӯзии меҳмонон хотима ёфт. Бозии марказии ин давр миёни дастаҳои «Сипар»-и Хуҷанд ва «Истиқлол»-и Душанбе баргузор шуд. Бозӣ бо пирӯзии дастаи меҳмон – «Истиқлол» - бо ҳисоби 4:2 хотима ёфт.
Дар бозии дигари даври 13-ум «Соро компания»-и Душанбе дар меҳмонӣ «Самандар»-и Турсунзодаро бо ҳисоби бузурги 9:2 шикаст дод. Инчунин «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан дастаи мизбон - «Пойтахт»-и Душанберо бо ҳисоби 7:5 мағлуб кард.
Ҳамин тариқ, баъди натиҷагирии сездаҳ даври Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2022 дар ҷадвали мусобиқа дастаи «Истиқлол» бо касби 32 имтиёз ба ҷойи аввал баромад. Дастаҳои «Сипар» ва «Соро Компания», ки 31-имтиёзӣ гирифтаанд, бо дарназардошти таносуби тӯбҳо мутаносибан дар ҷойҳои дуюму сеюм қарор доранд.
Бозиҳои даври 14-уми Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2022 рӯзи шанбеи 10-уми сентябр миёни дастаҳои “Истаравшан” – “Истиқлол” ва КМВА – “Самандар”, рӯзи якшанбеи 11-уми сентябр байни тимҳои “Пойтахт” – “Равшан” ва “Соро Компания” – “Сипар” баргузор мешаванд.
Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2022
Даври 13-ум
«Пойтахт» - «Истаравшан» –– 5:7
«Сипар» – «Истиқлол» – 2:4
«Самандар» – «Соро Компания» – 2:9
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Истиқлол» (Душанбе) |
13 |
10 |
2 |
1 |
78-24 |
32 |
2 |
«Сипар» (Хуҷанд) |
13 |
10 |
1 |
2 |
106-20 |
31 |
3 |
«Соро Компания» (Душанбе) |
13 |
9 |
4 |
0 |
91-19 |
31 |
4 |
«Истаравшан» (Истаравшан) |
13 |
7 |
1 |
5 |
63-50 |
22 |
5 |
КМВА (Душанбе) |
12 |
4 |
1 |
7 |
44-62 |
13 |
6 |
«Самандар» (Турсунзода) |
13 |
2 |
1 |
10 |
32-109 |
7 |
7 |
«Равшан» (Кӯлоб) |
12 |
2 |
0 |
10 |
37-101 |
6 |
8 |
«Пойтахт» (Душанбе) |
13 |
1 |
2 |
10 |
35-101 |
5 |
Даври 14-ум
10 сентябр (шанбе)
“Истаравшан” – “Истиқлол”
КМВА – “Самандар”
11 сентябр (якшанбе)
“Пойтахт” – “Равшан”
“Соро Компания” – “Сипар”
Гуфтугӯ