Варзишгарони навраси тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гимнастикаи бадеӣ “East Cup Stars Olympic” (“Ҷоми Шарқ – ситораҳои олимпӣ”) дар шаҳри Фарғонаи Узбекистон 10 медал (1 нишони тилло, 5 нуқра ва 4 биринҷӣ) ба даст оварданд.
Ягона медали тиллоро ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон Ориёно Сафарова овард. Марям Шукурова, Ясмина Ҳамидова, София Турсунзода, Азиза Нурализода, Елизавета Стрелникова барои ҷойҳои дуюм бо медалҳои нуқра мукофотонида шуданд. Медалҳои биринҷиро Вазира Абдусатторова, Шукрона Саидова, Осия Ворисӣ ва Роҳила Тоҷиддинова гирифтанд.
Дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Фарғона беш аз 300 варзишгар аз ҳашт кишвар, аз ҷумла Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон ширкат дошт.
Ба иттилои сармураббии дастаи мунтахаби гимнастикаи бадеии Тоҷикистон Мижгона Шарифова, дар ин мусобиқа Тоҷикистонро шогирдони мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпӣ оид ба гимнастикаи бадеии шаҳри Душанбе намояндагӣ карданд. Ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки ҳамаи аъзояш медал гирифт, «Ҷоми Шарқ» тақдим шуд.
Гуфтугӯ