Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Раҳматулло Фузайлов дар бозии сеюм ва охиринаш дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи президенти собиқи Ассотсиатсияи футболи Узбекистон Мираброр Усмонов, ки рӯзи шанбе, 27-уми август, дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и Тошканд баргузор шуд, аз тими наврасони Узбекистон бо ҳисоби бузурги 0:5 шикаст хӯрд.
Дар бозии дигари даври сеюми ин мусобиқа дастаи мунтахаби наврасони Эрон тими Ҷопонро бо ҳисоби 3:1 мағлуб кард.
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон нахустин бозиашро дар Ҷоми ёдбуди Мираброр Усмонов дар Тошканд ба тими Ҷопон (U-16) бо ҳисоби 0:2 ва ба тими Эрон (U-16) бо ҳисоби 1:2 бохта буд.
Дар мусобиқаи мазкур, ки 27-уми август ба анҷом расид, дастаҳои мунтахаби наврасони Узбекистон, Тоҷикистон, Эрон ва Ҷопон ширкат доштанд.
Мусобиқа аз рӯи системи даврӣ дар як давра дар варзишгоҳҳои «Кибрай», «Ҷар», «Пахтакор» ва майдони Академияи футболи бошгоҳи «Бунёдкор»-и Тошканд баргузор шуд.
Дастаи мизбон – Узбекистон – бо касби ҳафт имтиёз ғолиби мусобиқаи ёдбуди Мираброр Усмонов гардид. Тими Эрон низ ҳафт имтиёз ба даст овард ва бо дарназардошти таносуби тӯбҳо мақоми дувумро касб кард. Мунтахаби Ҷопон бо се имтиёз сеюм шуд. Вале дастаи Тоҷикистон бидуни имтиёз дар ҷойи охирин қарор гирифт.
Ҷоми ёдбуди Мираброр Усмонов барои футболбозони навраси тоҷик як марҳилаи омодагӣ ба мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2023 маҳсуб мешуд. Зимнан, мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар ин мусобиқоти қитъавӣ дар гурӯҳи «Н», ки аз 5-ум то 9-уми октябри имсол дар Душанбе сурат мегирад, бо ҳамсолонашон аз Афғонистон, Тимори Шарқӣ ва Муғулистон рақобат мекунад.
Мусобиқаи ёдбуди Мираброр Усмонов миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-сола дар Тошканд
Даври 1-ум
Тоҷикистон (U-16) – Ҷопон (U-16) – 0:2
Голҳо: Шунго Сугиура, 59 (0:1). Шота Кофие, 88 (0:2).
23 август. Тошканд. Майдони Академияи «Бунёдкор».
Узбекистон (U-16) – Эрон (U-16) – 1:1
Даври 2-юм
Эрон (U-16) – Тоҷикистон (U-16) – 2:1
Голҳо: Ризо Гандипур, 43 (1:0). Ризо Гандипур, 60 (2:0). Беҳрӯз Хуҷаев, 62 (2:1).
Тӯбро аз пеналти ба ҳадаф нарасонд: Шеравган Саидов (Тоҷикистон), 28 – дарвозабон баргардонд.
25 август. Тошканд. Варзишгоҳи «Кибрай».
Ҷопон (U-16) – Узбекистон (U-16) – 0:3
Даври 3-юм
Узбекистон (U-16) – Тоҷикистон (U-16) - 5:0
Голҳо: Шодиёр Шодибоев, 22 (1:0). Дилшод Абдуллоев, 23 (2:0). Лазизбек Мирзоев, 62 (3:0). Зикриллохон Мухторов, 78 (4:0). Абдулҳамид Турғунбоев, 83 (5:0).
27 август. Тошканд. Варзишгоҳи «Пахтакор»
Ҷопон (U-16) – Эрон (U-16) – 1:3
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т/Т |
И |
1 |
Узбекистон (U-16) |
3 |
2 |
1 |
0 |
9-1 |
7 |
2 |
Эрон (U-16) |
3 |
2 |
1 |
0 |
6-3 |
7 |
3 |
Ҷопон (U-16) |
3 |
1 |
0 |
2 |
3-6 |
3 |
4 |
Тоҷикистон (U-16) |
3 |
0 |
0 |
3 |
1-9 |
0 |
Гуфтугӯ