Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имсол ба Тоҷикистон мошини бисёр овардаанд


Имсол воридоти мошин ба Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷӣ зиёд шудааст.

Ба иттилои Хадамоти гумрук, аз моҳи январ то июни соли 2022 ба Тоҷикистон ба маблағи наздик ба 190 миллион доллар мошин ворид шудааст.

Ин 15 дарсад бештар назар ба ҳамин давраи соли гузашта будааст.

Ронандагон дар Тоҷикистон маҳсулоти сохтаи кишварҳои Аврупо, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопонро дӯст медоранд.

Мошинҳо асосан бо роҳҳои транзитии кишварҳои соҳили Баҳри Балтика ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба Тоҷикистон бурда мешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG