Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пиронсолони Хатлон аз банкоматҳои холӣ шикоят доранд. ВИДЕО


Нороҳатии нафақагирон аз банкоматҳои холии Хатлон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:21 0:00

Нороҳатии нафақагирон аз банкоматҳои холии Хатлон

Нафақагирон дар Хатлон шикоят мекунанд, ки нафақаашонро наметавонанд сари вақт аз банкоматҳо бигиранд.

Тақрибан ҳар моҳ замони пардохти нафақа назди банкоматҳо сафи тӯлонии пиронсолонро метавон шоҳид шуд.

Бознишастагон, ки аксарашон муштариёни “Амонатбонк” ҳастанд, аз навбатпоии тӯлонӣ, сари вақт нагирифтани пулашон шикоят мекунанд.

Қулдош Дуоқулов, як бознишаста дар Хатлон мегӯяд, аз навбатпойии зиёд хаста шудааст.“Баъзан вақт картаамон дар банкомат мемонад, навбат меистем, илоҷ нест. Дар замони СССР навбат намеистодем, ба хона бурда медоданд. Ҳоло навбат меистӣ, мегӯянд, ки пагоҳ биёед, пул нагирифта гашта меравӣ. Хуб мешуд, ки зуд пулро медоданд,”—гуфт ӯ.

Дар Тоҷикистон нафақаи ночизе ба бознишастагон медиҳанд, ки барои таъмини зиндагӣ кифоя нест. Аксари пиронсолон бо кумаки фарзандон зиндагӣ мекунанд. Бо ин вуҷуд, аксаран гирифтани нафақаашонро интизорӣ мекашанд.

Хидиралӣ Охимирзоев, як бознишаста аз як деҳаи ноҳияи Вахш мегӯяд, дар деҳа ва ҷамоаташон банкомат нест ва онҳо маҷбуранд, барои дарёфти нафақа ба марказ сафар кунанд.

Масъулини “Амонатбонк”мегӯянд, пули нафақагирон сари вақт пардохт мешавад, вале барои соатҳо навбат истодан худи нафақагиронро гунаҳкор мекунанд. Дар нишасти матбуотие дар шаҳри Бохтар намояндагони “Амонатбонк” гуфтанд, ки “ҳамаги 15 банкомате, ки дар шаҳр дорем, бо пул таъмин мекунем, талабот зиёд мешавад, то пул мегузаронем, вақт меравад.”

Мушкили дарёфти пул аз банкоматҳо хоси танҳо бознишастагон нест. Дар гузашта пизишкону омӯзгорон низ аз айни чунин мушкил ҳангоми гирифтани маошашон шикоят карда буданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG