Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси мақоме дар Озарбойҷон баъди видеои робитаи маҳрамонааш дар дафтари корӣ


Видеои бӯсобӯсии як мақоми хадамоти сӯхторнишонии Вазорати ҳолатҳои изтирории Озарбойҷон ба интернет роҳ ёфт
Видеои бӯсобӯсии як мақоми хадамоти сӯхторнишонии Вазорати ҳолатҳои изтирории Озарбойҷон ба интернет роҳ ёфт

Дар Озарбойҷон моҷарое бархост. Баъди он ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ як навори видеоие дар бораи алоқаи ҷинсии марду зане ба гардиш даромад, бисёриҳо, аз ҷумла полис, дар симои мард ёвари раҳбари  хадамоти сӯхторнишонии Озарбойҷонро шинохтанд.

Таҳқиқи пешакӣ маълум кард, ки мақомдори идораи бонуфузе ба компютери кориаш сабт карданиробитаҳои маҳрамонаи бешумораш бо занҳои мухталифро ба як одат табдил дода будааст.

Ҳафтаи ҷорӣ дар Озарбойҷон баъди сару садои атрофи навори видеоии моҷаробарангез полис аз боздошти ёвари раиси хадамоти сӯхтонишонии Озарбойҷон хабар дод. Дар изҳороти додситонии кулли Озарбойҷон ҳам 18-уми август гуфта шуд, ки гумонбар боздошт шуда, таҳқиқи “мӯшикофонаи” қазия шурӯъ шудааст. Дар навори видеоие, ки дар гардиши шабакаҳои иҷтимоӣ асту ба мавзӯи сербаҳси ахир табдил шуд, дида мешавад, ки марде бо либоси кории низомӣ занеро бо айни чунин либос бӯсида дарашро дар Вазорати корҳои изтирорӣ мебандад.

Дар изҳороти додситонии кулл омадааст, ки полковник Заур Мирзоев, ёвари раиси хадамоти сӯхторнишонии вазорати ҳолатҳои изтирорӣ боздошт ва барои паҳн кардани маводи порнографӣ ва нақзи қонун дар бораи ҳаёти хусусӣ гумонбар мешавад. Дар фарзияи пешакӣ гуфта мешавад, ки Мирзоев зоҳиран як камераи видеоиро дар дохили компютераш пинҳонӣ насб карда, “барои қонеъ кардани эҳсосоти ифлоси шаҳвониаш” ба кор бурдааст.

Полковник Заур Мирзоев дар он муттаҳам мешавад, ки давоми шаш сол бо компютери кориаш саҳнаҳои робитаҳои ҷинсиашро бо занҳои мухталиф сабт карда, онҳоро дар интернет нашр кард
Полковник Заур Мирзоев дар он муттаҳам мешавад, ки давоми шаш сол бо компютери кориаш саҳнаҳои робитаҳои ҷинсиашро бо занҳои мухталиф сабт карда, онҳоро дар интернет нашр кард

То ҳол назари худи Мирзоев ё вакилони ӯ ба ин қазия маълум нест. Додситонӣ мегӯяд, ки маълум шудааст, ки Мирзоев дар давоми солҳои 2013 то 2019 дар дохили дафтари кориаш навору аксҳое аз равобити ҷинсиву дигар амалҳои шаҳвониаш бардошта, маводи ғайриқонунии порнографӣ омода мекард ва августи соли 2022 онҳо дар интернет нашр шуданд.

Ҳанӯз маълум нест, ки оё воқеан ҳам худи Мирзоев ин маводҳоро дар интернет нашр кардааст ё на. Вале муфаттишон аллакай мегӯянд, ки бо ин кораш ёвари раис ба обрӯи вазорату вазири бонуфузи наздик ба президент Илҳом Алиев генерал-полковник Камолиддин Ҳайдаров зарбаи ҷиддӣ расонидааст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG